Бобоҷон Ғафуров






Бобоҷон Ғафуров дар ҷаласа
М. Шохгадоев, Б. Гафуров, М. Турсунзода, А. Лохути, С. Айни...
А.Мухторов, А. Мирзоев, Б.Гафуров, М. Шукуров....
Х.Халили, Б. Гафуров...
Н. Додхудоев, Б. Гафуров, Ч. Расулов...
Устод Айни ва Бобочон Гафуров



Р. Б. Рибаков, доктори илмҳои таърих, ҳиндшиноси машҳур, директори Институти шарқшиносии АИ Русия

Бобоҷон  Ғафурович Ғафуров  дар ҳақиқат инсони аср буд. Ин дар он замонҳое буд, ки  ибораи яке аз сиёсатмадорони маъруфи ҳамон солҳо вирди забонҳо буд: «Шарқ  бедор гардид танҳо Институти шарқшиносӣ дар хоб аст». Б. Ғ. Ғафуров корҳои зиёдеро анҷом додаст, то ин ки  сиёсати кишвари мо бо ба ҳисоб гирифтани омилҳои шарқӣ бунёд гарданд.  Шарқ моро дар хотир дошт. Дар даврони фаъолияти Б. Ғ. Ғафуров сохториҳои нави  Институт поягузорӣ шуданд, нашриёти «Адабиёти Шарқ» созмон ёфт.

Ӯ моро бакор истихдом намуд, Шахсан ӯ маро инсони хушбахт гардонид.
Ростислав Борисович Рибаков
Ӯ инсони одӣ набуд. Ӯ инсони асил  буд. Ӯ, содда карда гӯем, ҳамзамон ҳам таҳиягар ва ҳам бозигар  буд. Ӯ табиатан   фаррохнигар ва ба таври шарқиёна хирадманд буд. 
В. М. Солнсев - директори Институти забоншиносии АИ Русия, узви вобастаи АИ Русия. 

Дар  бораи Б. Ғ. Ғафуров метавон китоби бузурге навишт. Ӯ шахсияти барҷаста, ҳамаҷониба ва миқёсан бузурге буд.

Б. Ғ. Ғафуров Н. С. Хрушёро, ки ӯро аз вазифаи Котиби аввали ҲК Тоҷикистон барканор карда  буд, дӯст намедошт... Мегӯянд, ки Хрушёв ин корро барои он карда буд, ки Ғафуров дар Пленуми КМ ҲКИШ доир ба кишоварзӣ дар соли 1953 (тирамоҳ) дар мавриди кишти ҷуворимакка зидди ӯ суханронӣ намуда буд. Инро Хрушёв фаромӯш накард  ва дар соли 1956 (пас аз анҷумани ХХ) Ғафуровро аз вазифа холӣ намуд. Б. Ғ. Ғафуров борҳо такрор мекард, ки : «…Хрушёвро суд кардан лозим. Ӯ парчами моро зери по кард»…
Вадим Михайлович Солнсев

Ин қиссаи Б. Ғ. Ғафуров ҳам дар хотирам нақш бастааст. Зарурати моли сахте барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омад ва Б. Ғ. Ғафуров ба қабулгоҳи И. В. Сталин меравад. И. В. Сталин пушти мизи дарозе нишаста, чизе менавишт. Б. Ғ. Ғафуров ба ӯ гуфт, ки ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро анҷом додаст. Сталин гуфт: «Хуб, давом деҳ». Он гоҳ Ғафуров ба ӯ мефаҳмонад, ки  ҷумҳурӣ метавонад боз корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Сталин дар посух гуфт:

- Ман маблағ надорам ва боз ба навиштан машғул шуд. Пас аз муддате Сталин сар боло карду пурсид:

-Ғафуров, ту ҳоло ҳам  ҳамин ҷо ҳастӣ?

-  Ба ман маблағ даркор аст – ҷавоб медиҳад ӯ.

-Хуб, оқибат гуфт И. В. Сталин, ба назди Маленков рав ва бигӯй, ки ман розӣ ҳастам. Ӯ бароят маблағ медиҳад…

Ин шахс дар бораи худ хотираи дурахшоне гузоштааст. Ӯ барои ҷумҳурӣ хидмати зиёде кард ва барои инкишофи илми шарқшиносӣ саҳми  бузурге гузошт. Хотираи дурахшони ӯ дар қалби мо маҳфуз хоҳад монд.

И. Ю. Юдаков, котиби илмии Институти шарқшиносии АИ Русия

 Яке аз хислатҳои фарқкунандаи Б. Ғ. Ғафуров ин возеҳии ҳадафҳо ва роҳҳои ба он расидан, дар аксари маврид ғайримустақим ва на шитобкорона, вале хирадмандонаву шарафмандона буд. Ва он ки таҷрибаи бузурги ҳаётие, ки ақлро хирад мебахшад, «аз они ман»-ро ба «аз они мо» мубаддал месозад.

Дуюм ,маҳорат ва санъати муносибат кардан бо одамон. Шояд ин маҳорати на ба ҳар шахс хос  пайванд ба мардуми Шарқ будани ӯ ва шояд он як чизи худодод бошад. Аммо гоҳе иттифоқ меафтод, ки  пас аз мулоқот бо Б. Ғ. Ғафуров душман дӯст мегардид ё ин ки дар ниҳояти кор душманиро қатъ мекард. Муносибати ӯ бо ҳамкасбон ҳам шавқангез ва ҳам омӯзанда буд.

Сеюм, ин таҳлили ҷиддии замони муосир ва шавқу рағбати бениҳоят ба омӯзиши ҷамъхиятҳои анъанвӣ буд… «Шарқ кори нозук аст» - ин шиор қабл аз он ки дар экранҳои кино намоён шавад, ҳамеша вирди забони Б. Ғ. Ғафуров буд.

Чорум, ин такомули маҷмӯъии шарқшиносӣ ҳамчун илм, ҳамчун  муносибати илмӣ, ҳамчун Институт мебошад. Яъне дар даврони Б. Ғ. Ғафуров дар Институт як силсила шохаҳои нави илми шарқшиносӣ пайдо мешаванд (ва шумораи ходимон низ чанд баробар афзун мешавад).

Панҷум, ин қобилияти барҷастаи дипломатии ӯст. Дар аксари маврид мулоқотҳои ғайрирасмӣ, вале ба таври шарқиёна баргузоршуда бо ходимони сиёсии мамолики Шарқ, барои барқарор намудан ё такомули васеи муносибатҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакати мо бо кишварҳи навбатии Шарқ «санги маҳак» буд.

Шашум, ин интернатсионализми амиқ ва шӯҳратманд. Барои Б. Ғ. Ғафуров ҳам баланд бардоштани  шахсият ва ҳам номақбулии қисматҳо, анъанаҳо ва русуми миллӣ яксон бегона буданд.

Б. А. Литвинский, академики АИ ҶТ

 Хушбахтона, ба ман муяссар гардид, ки  дар паҳлӯи Б. Ғ. Ғафуров дар давоми ду даҳсола. яъне дар тӯли тамоми сарварии ӯ дар Институти шарқшиносии АИ СССР дар Маскав кор кунам. Дар ин солҳо моро ҳамкории шахсӣ дар инкишофи робитаҳои илмии байналхалқии Институт мепайваст. Ва ин вазъ ба ман имкон медод, ки  фаъолияти ӯро аз наздик дар чорчӯбаи ҳам Институт ва ҳам хориҷ аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар созмонҳои байналхалқӣ мушоҳида кунам.
Литвинский Б.А.

 Академик Б. Ғ. Ғафуров ҳамеша ба инкишофи робитаҳои байналхалқӣ ва ҳамкории байникишварҳо аҳамияти бузург медод ва  ман ба хулосаи қатъӣ омадам, ки  ин равияи корро ӯ аз ҳама корҳои дигари худ бартару заруртар мешуморид. Яке аз натиҷаҳои чашмраси ӯ дар Маскав гузаронидани Кунгураи байналмилалии шарқшиносӣ дар моҳи августи соли 1960 буд.  Ба дунболи он дар соли 1964 ӯ олимони шӯравиро ба Кунгураи шарқшиносони Ҳинд дар Ню-Дели сарварӣ кард. Дар соли 1973 бошад ба ҳайси  сарвари ҳайати хеле калони олимони шӯравӣ дар кори Кунгураи ҷашнии шарқшиносон дар Порис ширкат намуд. Ин Кунгура пас аз сад соли гузаштани Кунгураи аввалини байналхалқии шарқшиносон даъват шуда буд. Дар Кунгураи Порис Б. Ғ. Ғафуров ноиб-президенти Иттиҳодияи байналхалқии шарқшиносон интихоб гардид.
 Акбар Турсунов
Б. Ғ. Ғафуров аз ҷой бархоста ба пеши ҷевоне рафта аз он китоберо гирифта варақ заданд (он «Забони адабии тоҷикӣ» ном маҷмуаи мақолаҳо буд, ки аз тарафи Раҳим Ҳошим тартиб додашуда соли 1930 ба табъ расидааст) ва саҳифаи даркориашро ёфта ба ман рӯ оварданд:
— Ана гӯш кунед, дар ин бора домулло С. Айнй чиҳо навишта буданд: «Касе, ки ба адабиёти кӯҳна ва нави форсй ва тоҷикӣ шиносоӣ дорад, ба хубй медонад, ки дар миёни онҳо фарқи асосӣ нест. Дуруст, агар мо лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирем ва ба ҳамон нигоҳ карда забонро ба гурӯҳҳо ҷудо кунем, на ин ки дар байни Эрон ва Осиёи Миёна, балки дар байни худи аҳолии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам хеле лаҳҷаҳои ҷудогона ёфт мешавад. Лекин дар дуньё ҳеҷ қавме нест, ки ҷудогонагии ҷузъии лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирифта, барои ҳар лаҳҷа як забони ҷудогона сохта бароварда бошад. Як тоҷик ё як эронӣ асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ ва монанди инҳоро чӣ қадар фаҳмида ва дӯст дошта хонад, ҳамон қадар ҳам асарҳои Рӯдакӣ, Қамоли Хуҷандӣ, Исмати Бухорӣ, Сайфи Исфарангй ва монанди инҳоро фаҳмида ва дӯст дошта мехонад. Як тоҷик барои фаҳмидани баъзе луғатҳои аз форсии қадим гирифташудаи Фирдавсӣ ба чн андоза ба душворӣ афтад, як эронӣ ҳам барои фаҳмидани онҳо ҳамон қадар душворӣ мекашад».
Б. Ғ. Ғафуров китобро пӯшида, айнакашонро ба рӯи миз гузоштанд ва гуфтанд:
Акбар Турсунов
— Дар навбати худ ман мехоҳам як нуктаро таъқид намоям. В. И. Ленин ки дурандештарнн олими ҷамъятшинос ва сиёсатманди бузурги асри XX буд, Осиёи Миёнаи советиро ҳаққонй дарвозаи Шарқ ҳисоб мекард.
Агар мо тафовути ҷузъии шеваҳои ҷудогонаи пороигӯёни осиёиро аз будааш зиёд нишон дода забони тоҷикиро аз маҷрои умумии инкншофи забонҳои мазбур дар гузашта ва ҳозира ҷудо карда гирем — ин на фақат хилофи ҳақиқат, балки кӯтоҳии идеологй ҳам мебуд, зеро дар он сурат забони тоҷикй вазифаи интернационалии худро ба ҳадде, кй бояд, адо карда наметавонад. Хусусан ки дар оянда доираи равобити фарҳангин мо бо ҳамзабонони хориҷиамон васеъ хоҳад шуд. Ба қарибӣ бо баъзе нависандагони тоҷик гуфтугӯ доштам.
Ман ба онҳо як чизро талқин карданй шудам: суханварони тоҷик бояд бо забоне нависанд, ки осорашонро ҷамен форсизабонони Шарқ хонда фаҳмнда тавонанд. Аз олимон низ ман ҳамин гуна дархост дорам: барои мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ ба тоҷиқӣ китобҳои дарсии ҳозиразамон бояд навишт — ҳамон тавре навишт, :ки барои ҳамзабонони кишварҳои ҳамсоя низ ба кор оянд...
— Ба фикри Шумо инкишофи забону фарҳанги тоҷик дар оянда чӣ гуяа ҷараён хоҳад гирифт? — аз фурсат истифода бурда суол кардам ман.
— Д ар ин бора ҳеҷ гоҳ ду хел фикр вуҷуд дошта наметавонад,— ҷавоб доданд Б. Ғ. Ғафуров,— Яқин аст, ки дар партави ғамхории ҳамешагии Партияи Коммунистӣ, дар асари шароити муооиди таърихие, ки дар замони социализм фаро расидааст, заковату истеъдоди халқамон боз ҳам рушду нумӯъ хоҳад кард...
***
Дар воқеъ, дастовардҳои маънавии шаст соли охир ин хулосаи некандешро дар ғояти аёнй тасдиқ мекунанд. Таи солиёни мазкур тоҷикон дар натиҷаи инқилоби Октябрь давлати миллии худро аз нав барқарор намуда, дар ҷараёни робита ва ҳамкории судбахш бо соири халқҳои хуштолеи советӣ ба буньёди фарҳанги нав маданияти социалистӣ пардохтанд. Сарчашмадорони ин маданият Садриддин Айнӣ ва Абулкосими Лоҳутй, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода буданд, маҳз тавассути офаридаҳон илмию бадеии онҳост, ки оламиён порсигӯённ Осиёи Миёнаро мешиносанд ва қадр мекунанд. Саҳифаҳои минбаъдаи солномаи маданияти социалистии тоҷик аз зикри ҷамили онҳое ранг гирифтаанд, ки ҳар яке мувофиқи имкону ҳиммати хеш ба халқу кишвар хидмат карда, баҳри афзудани шӯҳрату шукӯҳи миллаташон қуввати ақлу бозуи худро дареғ надоштаанд.

Акбар Турсунов. Эҳёи Аҷам. Руҷӯи таърихию публисистӣ. Душанбе, Ирфон, с.1984



 Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946–1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:
« Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.»
Ин сухани Бобоҷон Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд.

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод



МУСОҲИБАИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО СИРУСИ АЛИНАЖОД

Ин мусоҳиба сӣ солу анде пеш анҷом шудааст. Замоне ки Бобоҷон Ғафуров, сиёсатмадор ва донишвари тоҷик (1909-1977) барои нахустину охирин бор ба Эрон омад. Он замон ӯ 64 сола буд ва ду се сол баъд шунидам, ки гӯё дар худи Тоҷикистон даргузашт.
Бо он ки форсиро хеле хуб суҳбат мекард, аммо мусоҳиба бо кӯмаки мутарҷим, устод дуктур Иноятуллоҳ Ризо, ки мизбонии ӯро дар Теҳрон ба уҳда дошт, анҷом гирифт. Ин бад-он ҷиҳат буд, ки Бобоҷон Ғафуров бо таваҷҷуҳ ба тафовути лаҳҷаҳо ва ҳамчунин солҳо дурӣ аз Тоҷикистон фикр мекард мумкин аст дар баёни посухҳо ба форсӣ салосат ва равонии лозимро натавонад ба кор гирад. Русиро равонтар аз форсӣ суҳбат мекард.
Дар он замон ӯ бист соле мешуд, ки муқими Маскав буд ва раёсати Институи ховаршиносии Маскавро ба уҳда дошт. Бо вуҷуди ин мегуфт ҳаргиз натавонистааст забони форсиро канор бигзорад – “фаромуш кардани форсӣ мумкин нест”.
Ман бо вуҷуди ин ки дар он замон ҳанӯз хеле ҷавон будам, вале ба хотири алоиқам бисёре аз эроншиносонро аз русӣ то Омрикоӣ дида будам, бо онҳо ҳамсуҳбат ва ҳамсафар шуда будам, мусоҳиба карда будам, аммо пас аз дидани Ғафуров донистам, ки дар байни эроншиносон марде ба донишу пухтагии ӯ надидаам. Шояд ҳам дар тамоми умр марде ба қомати ӯ дар фазлу дониш камтар дида бошам.
Тоза нишаста будам ва ҳануз мусоҳиба оғоз нашуда буд, ки гуфт: “Ман якчанд сухан мегӯям, баъд...” Фикр кардам мехоҳад ҷуз мусоҳиба як чизи фармоишӣ ҳам аз ӯ чоп шавад. Пеш аз он ки мувофиқатамро эълом кунам, хондани матнеро, ки бар ёддоштҳои ҷайбӣ нигошта буд, оғоз кард. Ман бо пешдоварӣ нахуст ба ӯ гӯш насупурдам, аммо чанд сатре нахонда буд, ки лаҳни калом ва самимияти суханаш маро гирифт. Вожаҳоро чунон шавқомез адо мекард, ки ангор як эронии солҳо дурмонда аз ватан дорад чизе дар бораи сарзамини худ мегӯяд. Ёди Иброҳимбег1 уфтодам ҳангоме ки (дар) сафарномааш ба он ҷо мерасад, ки аз марзи Русия вориди Эрон мешавад. Вақте тамом шуд мисли ин ки фикри аввали маро хонда бошад, гуфт: “Фикр накунӣ... Ман воқеан эҳсосамро баён кардам”. Ман аз бадгумонии худ шармсор шудам. Гуфтам ёддоштҳоятонро бидиҳед, бубинам. Гуфт “хондан наметавонед шумо инро” ва дар ҷайбаш гузошт. Он ёддоштҳо нишон медод, ҳамон гуна, ки ёди тоҷикон ва сарзаминашон ҷони моро аз шавқ бармеоварад, вуҷуди ӯ аз шавқи Эрон моломол буд.
“Агарчи ман бори аввал аст, ки қадам ба сарзамини Эрон ниҳодам, бо вуҷуди ин мисли ин ки ман чандин дафъа ин ҷо будаам. Чунки аз китобҳо, аз лаҳҷаҳо ва аз ҳар навъ тасвирҳо ман Эронро мисли ин ки пеши чашми худ мебинам ва хушбахтона ман ҳоло ҳақиқатан пеши чашми худ мебинам. Ду се рӯз зиёда нест, ки ман дар Эрон ҳастам, аммо ман меҳмоннавозӣ ва дӯстиву ҳамкории донишмандони Эронро ҳис кардам. Дар Эрон як зарбулмасали машҳур аст: Дӯстӣ бо мардуми доно накуст. Ин ки дуруст аст, ба ғайр аз ин сарзамини Эрон аз ҳар тараф қашанг аст. Ин кӯҳҳои баланду боазамат, ин офтоби дурахшон, ин обу ҳавои соф одамро хушҳол мекунад. Ин замини самараноки Эрон бо дастҳои мардуми доно ва коркунони Эрон натиҷаҳои хуб медиҳад. Дар ин айём дар Эрон дигаргуниҳои бузург мешавад. Тамоми дунё медонад, ки адабиёти қадими Эрон ба тамоми дунё хидмат кардааст. Ба фикри ман адабиёти форсӣ фарҳанги ҷаҳонро ғанӣ кардааст. Устураҳои дурахшони дараҷаи аввал ва шоироне мисли Рӯдакӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва Фирдавсии кабир бо нури худ роҳи дӯстиро нишон додаанд ва нишон медиҳанд. Масалан, суханони ҷовиди Фирдавсӣ, ки гуфтааст:
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Ин каламот андешаҳои бузурги шоирон ва мардуми наҷиби Эронро нишон медиҳад. Барои ҳар кас дидани сарзамине, ки шоироне мисли Фирдавсӣ додааст, хушбахтии бузурге мебошад. Бояд самимона арз кунам, ки мардуми Шӯравӣ ба Эрон на ба унвони хориҷӣ ворид мешаванд, мисли ҳамсояе ба хонаи дӯстони худ меҳмон меоянд. Дӯстӣ байни Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ таърифи (бояд таърихи бошад) дуру дарозе дорад ва фоидаи бузурге барои ҳарду мамлакат бахшидааст. Шакке нест, ки бо кӯшиши ҳарду тараф муносиботи Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ рӯз ба рӯз мустаҳкамтар ва самарбахштар хоҳад шуд.”
Нуктае, ки лозим аст дар бозхони он мусоҳиба бинависам, ин аст, ки Бобоҷон Ғафуров ба даъвати Фараҳ Паҳлавӣ ба Эрон сафар карда буд. Дар он мусоҳиба ҳам аз ман хоста, ки маротиби ташаккуру қадрдонии ӯро аз “шаҳбонуи Эрон” бобати ин даъват дарҷ кунам, аммо ман ба асоси афкори он замон аз навиштани он иборот дар мусоҳиба худдорӣ кардам. Дар дидори баъдӣ аз интишори мусоҳибааш ташаккур кард, вале зимни он аз ман гила карда, ки чаро ташаккури ӯро аз шаҳбонуи Эрон чоп накардаам. Ман ки ҷавобе надоштам ва зимнан бо каллахаробиҳои (маҳдудияти фикрии) он замон бо навиштани чунон чизе мувофиқ набудам, чиҳое гуфтам, ки рабте ба қазия надошт ва бештар мушти маро назди ӯ во (музтар) мекард. Имрӯз аммо фикр мекунам ҳар кас кори нек кард, бояд навишту гуфт ва бар он таъкид кард ва ҳамвора бояд қадри корҳои некро аз ҳар кас ки сар зада бошад, донист. Даъват аз Бобоҷон Ғафуров кори арзандае буд. Ҳама чизро набояд аз зовияи сиёсат нигарист. Кишвар муҳимтар аз сиёсат аст.
Ва саранҷом он ки чанд сол пеш бо пруфисур Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ, аз рушанфикрони дараҷаи аввали Тоҷик, ки акнун дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва мо Эрониён ифтихори мизбонии ӯро дорем, мусоҳибае кардам, ки дар маҷаллаи “Паёми имрӯз” чоп шуд. Аз он пас ошноии мо ба дӯстӣ бадал шуд ва гоҳ-гоҳ дар дафтари маҷалла дидор мекардем. Як рӯз суҳбати Бобоҷон Ғафуров пеш омад. Гуфтам, ки ӯро дида будам ва бо ӯ мусоҳибае дорам. Бисёр иштиёқ нишон дод, ки нусхае аз онро дошта бошад. Аз асли он фақат як нусха доштам, ки наметавонистам тақдимаш кунам, вале дар дидори баъдӣ футукупии онро ба ишон додам. Намедонам бо он чи кард, аммо гӯё ба навъе онро дар Тоҷикистон интишор дода бошад. Шунидам дар китоби тозаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишвари тоҷик, ба ин мусоҳиба ишора рафтааст. Фикр кардам чи беҳтар, ки ин гуфтугӯи камёб бо интишори муҷаддад дар ин сафаҳот дар ихтиёри тамоми касоне қарор гирад, ки ба сарнавишти форсӣ дар он сӯи Ҷайҳун меандешанд.
Сируси Алинажод

Алинажод: Нахуст мехостам аз вуҷуҳи иртибот ва ихтилофи форсии Эрон ва Тоҷикистон бароям бигӯед.

Ғафуров: Тоҷикҳо забони форсиро ба шакли асилтаре нигоҳ доштаанд. Чунон ки камтар омехтагӣ пайдо кард бо забони арабӣ, ки дар Эрон нуфуз ёфт. Албатта дар ин замина бояд гуфт, ки ин танҳо тафовутест, ки байни забони тоҷикӣ бо забони эронӣ вуҷуд дорад. Дар забони тоҷикӣ таъсиру нуфузи забони туркӣ мушоҳида мешавад. Далел он аст, ки тоҷикҳо ҳамвора дар муҳосираи туркон мезистаанд. Аз он ҷо ки Тоҷикистон дар давраҳои мутамодӣ таҳти таъсири Русияи тазорӣ (цезорӣ, шоҳӣ) буд, дар натиҷа забони русӣ ҳам дар Тоҷикистон таъсиру нуфуз пайдо кард. Ин вазъ то сароғози инқилоби уктабр ва пайдоии ҳокимияти Шӯравӣ дар Русия идома дошт.
Албатта, бояд гуфт, ки фарҳанги Ғарб ҳам аз тариқи Русия ба Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Ҳамон гуна ки дар Эрон дар садаҳои ахир забонҳои урупоӣ аз тариқи таъсири фарҳанги урупоӣ роҳ ёфтанд, бавижа аз тариқи забони фаронса. Дар Тоҷикистон ҳам бисёре аз вожаҳои байналмилалӣ аз роҳи забони русӣ ворид шуданд. Мисли кунгра, ки шумо аз забони фаронса гирифтаед ва ба ин шакл талаффуз мекунед, вале мо чун аз забони русӣ гирифтаем, “кангрес” мегӯем. Ё ҳавопайморо, ки мо надорем ва аз забони русӣ гирифтаем, “самалют” мегӯем. Албатта, бояд гуфт, ки ҳеч айбе дар ин нест. Ман ҳеч чизи баде дар ин намебинам. Ин вожаҳо, ки ҳамроҳи илму санъату иқтисод аз забони русӣ дар забони тоҷикӣ ва аз тариқи Урупо дар забони форсӣ нуфуз кардаанд, ин забонҳоро ғанитар кардаанд.

Алинажод: Оё беҳтар нест, ки мо вожаҳоро аз якдигар ҳам бигирем? Чи басо мумкин аст вожаҳое, ки дар Эрон ва Тоҷикистон сохта шудааст, мову шуморо аз бисёре вожаҳои бегона бениёз мекунад.

Ғафуров: Албатта, мо бояд барои наздик кардани ин ду забон бикӯшем. Ё беҳтар бигӯем, забони мо якест, мунтаҳо тарзи талаффуз мутафовит аст. Вале бояд инро ҳам дар назар гирифт, ки дар забони мо вожаҳое ҳастанд, ки наметавон онҳоро аз даруни забон берун андохт. Бисёре аз вожаҳое, ки мо гирифтаем ва шумо гирифтаед дигар гузарномаи эронӣ ва тоҷикӣ гирифтаанд. Беҳтар он аст, ки кӯшиш кунем, то фарҳанги бузурге аз вожаҳои форсӣ ва тоҷикӣ фароҳам ояд. Чунин фарҳанге ҳам ба эрониён, ҳам ба тоҷикон ва ҳам ба афғонҳо кӯмак хоҳад кард. Бавижа ба форсизабонони Афғонистон. Барои он ки онҳо дар вазъи бисёр баде қарор гирифтаанд. На ба ин тараф тамоюл пайдо кардаанд, на ба он тараф. Як чизи байнобайн шудаанд. Фармуш накунем, ки навиштани чунин фарҳанге мусталзими (ниёзманди) кӯшиши илмии фавқулода аст.

Алинажод: Гуфтед, айбе дар ин намебинед, ки вожаҳо аз забони русӣ вориди забони тоҷикӣ ва аз урупоӣ вориди форсӣ шаванд, вале ин бегонаҳо доранд чунон зиёд мешаванд, ки асолати забони моро хадшадор (захмин) мекунанд. Дуруст мисли сагвош. Мутаассифона номи илмии он алафи ҳарзро намедонам, ки чунон дар мазраъаҳо худро мегустаронад, ки асли маҳсул аз даст меравад.

Ғафуров: Ба назари ман истифода накардан аз вожаҳои хориҷӣ амалест ғайримаъқул ва нодуруст. Чун ба ҳар тақдир дар пешрафти забон таъсир дорад. Аммо дар айни ҳол бояд гуфт, ки ин зиёне ҳам дорад ва он ин аст, ки афзоиши бемаънои вожаҳои бегона сабаб мешавад, ки мардум забони худро бо каламоти ғайрилозим олуда кунанд. Ба ҳамин далел ба назари ман ҳам дар Эрон, ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон бояд ҳамеша камисюнҳои хосси вожашиносӣ вуҷуд дошта бошанд, ки доиман мутолиа кунанд, ки кадом вожаро бояд ба ҳамон шакле, ки ҳаст бипазирем ва кадом вожаро бояд дур бияндозему вожаи асили худро баргузинем. Ин ҳатман коре зарурист ва ҳарҷу марҷ дар ин масъала ҷуз зиён чизе ба бор нахоҳад овард.

Алинажод: Бо юрише, ки забонҳои урупоӣ овардаанд, бавижа аз он рӯ ки Урупо аз лиҳози илмиву санъатӣ пешрафта асту мо ҳанӯз на, ба назари Шумо ояндаи форсӣ чи хоҳад шуд? Оё метавонад ба унвони як забони ғанӣ ва саршор ҳамчунон барои қарнҳо зинда бимонад?

Ғафуров: Ман муътақидам, ки вуруди вожаҳо ҳеч василаи харобтар кардани забони мо нахоҳад буд. Забони форсӣ аз ин осебе нахоҳад дид. Хатар аз ҷои дигарест. Забони форсӣ аз пазириши вожаҳои нозарур осеб хоҳад дид. Хатари дигаре ҳам вуҷуд дорад. Масалан, мебинем дар Эрон афроде ҳастанд, ки саъй мекунанд камтар форсӣ суҳбат кунанд ва таъаммуд доранд (қасдан мехоҳанд), ки ба забони англисӣ ё фаронса суҳбат кунанд.

Алинажод: Бибахшед, ман ҳамин ҷо мехоҳам ба таври муътариза бипурсам, ки дар Тоҷикистон чи тур?

Ғафуров: Дар Тоҷикистон ҳам ин тур буд, вале мо бо он мубориза кардем ва алъон тағйироти васеъе дар ин замина ҳосил шудааст. Барои зинда нигоҳ доштани тоҷикӣ мо аз забони форсӣ истифода мекунем. Дар донишкадаҳо таҳсили забони форсӣ иҷборӣ шудааст. Дар дабиристонҳо ҳам донишомӯзон форсӣ мехонанд.2

Алинажод: Хуб, доштед дар бораи хатарҳое, ки мутаваҷҷеҳи забони форсист баҳс мекардед.

Ғафуров: Хатари бузурги дигаре ҳам ҳаст, ки бояд ёдовар шавам. Дар Ҳинду Покистон дар гузашта шумори бисёре аз мардум ба форсӣ сухан мегуфтанд, вале ҳамвора таъдоди форсизабонон каму камтар мешавад ва ин хатари бузургест. Акнун танҳо насли гузашта каму беш ба забони форсӣ суҳбат мекунад ва наслҳои тоза нисбат ба ин забон бегонаанд. Масалан, ман ёд дорам панҷоҳ сол пеш мардуми Кашмир ҳама ба забони форсӣ суҳбат мекарданд, аммо ҳоло дигар касоне, ки ба форсӣ сухан мегӯянд, андаканд. Дар гузашта Дар Афғонистон ҳам нисбат ба Тоҷикистон (бояд тоҷикон бошад) ва форсизабонон равише эъмол мешуд, ки хушоянд набуд. Забони форсӣ рафта рафта маҳдуд мешуд ва ин маҳдуд кардан ба таври маснуъӣ ва аз рӯи амд (қасдан) анҷом мегирифт, вале хушбахтона давлати кунунӣ ба раҳбарии сардор Муҳаммад Довудхон роҳи тозае пеш гирифтааст ва дубора роҳро барои забони форсӣ ҳамвор кардааст.3
Ду сол пеш ҳангоме ки ман дар Ҳинду Покистон будам ба равиши онҳо дар баробари забони форсӣ эътироз кардам ва онҳо ваъдаи ҷиддӣ доданд, ки дар пешрафти забони форсӣ ва тадриси он ва васеътар карданаш кӯшиш хоҳанд кард. Ман медонам ки Индиро Гонди нахуствазири Ҳинд ба тадриси забони форсӣ ва ишоъаи (густариши) он дар Ҳинд бисёр алоқаманд аст. Донишкадаҳо ва курсиҳое (кафедраҳо) дар Ҳинд ҳаст, ки ба тадриси забону адабиёти форсӣ ихтисос доранд. Дар ин замина аз кӯшишҳое, ки барои баргузории солрӯзи Амир Хусрави Деҳлавӣ дар Ҳинд анҷом мегирад, ҳам бояд ёд кард.

Алинажод: Ба назари Шумо иллати ин ки таъдоди форсизабонон пайваста каму камтар мешаванд ин нест, ки даври миллатҳои форсизабон деворҳое кашида шудааст ва ин миллатҳо аз ҳам комилан ҷудо шудаанд. Чунон ки мардуми мо бо тоҷикҳову афғонҳову кашмириҳо, ҳамин тур мадуми он навоҳӣ бо эрониён наметавонанд рафтуомади густарда дошта бошанд?

Ғафуров: Ман бояд мутазаккир шавам, ки дар солҳои охир байни донишмандони Эрону Тоҷикистон равобите ба вуҷуд омадааст. Ҳамин тур донишмандони Тоҷикистон кӯшишҳое дар ҷиҳати наздик шудан ва иртибот бо Афғонистону Эрон нишон медиҳанд. Масалан, ман дар ҳамин сафаре, ки ба Эрон омадаам, дастандаркори музокира барои ташкили конфронсе дар бораи забони форсӣ ҳастам. Мо тоҷикҳо наметавонем аз адабиёти форсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барканор бимонем. Бояд ҳамаи инҳоро бо якдигар муттаҳид кард. Ҳарчи робита ва бархурди донишмандон дар байни мо дар миқёси ҷаҳонӣ зиёдтар шавад, ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон аз ин робита (бештар) баҳра хоҳанд гирифт.

Алинажод: Ростӣ чаро форсии Тоҷикистон бо форсии Эрон ин ҳама фосила гирифтааст? Бешак, мо дар гузашта, масалан, дар давраи Байҳақӣ, ин ҳама аз ҳам ҷудо набудаем, ки ҳарфҳои якдигарро ба сахтӣ бифаҳмем.

Ғафуров: Навоҳии мухталифи Эрон ҳамеша лаҳҷаҳои мутофовите доштаанд. Аммо вазъи Тоҷикистон дар қадим бисёр душвортар аз вазъи дигар навоҳии Эрон будааст. Барои он ки дар садаҳои миёна хонот ва хоқоноти бисёре дар ин навоҳӣ ба вуҷуд омада буданд. Чун хоноти Бухоро ва хоқоноти Хуганд (Хуҷанд)4 ва Хива ва дигар... Инҳо ҳар кадом дар заминаи робитаи Тоҷикистон (манзур тоҷикон бояд бошад) бо дигар навоҳии Эрон мушкилоте падид меоварданд. Дар натиҷа инҳо тавонистанд таъсири худро каму беш бар мо бигзоранд ва сабаб шуданд Тоҷикистон, ки то ҳудуде худ падидоварандаи адабиёти клосики Эрон буд, аз ин адабиёт дур бимонад.
Ин дурӣ сабаби ҷудоии фарҳангӣ ва забонӣ ҳам шуд. Аммо бо вуҷуди ин ки мумкин аст вожаҳое, ки мо ба кор мебарем, барои дигаре номаънус (ноошно) ҷилва кунанд, дар ҳақиқат решаҳои эронӣ дорад, ки дархури шинохтан аст ва мо бояд аз лиҳози гӯиш якдигарро беҳтар бишиносем. Фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон дорои решаи бузурги воҳидест. Фақат шохаҳои ҷудогона дорад. Ба ҳамин далел вақте касе аз тоҷикон ба сарзамини шумо меояд, бешак, худро дар хона ва муҳити хеш эҳсос мекунад. Ман дар оғози суҳбатам воқеан эҳсоси худро баён кардам. Ҳангоме ки ба Эрон омадам, биттабъ худро дар сарзамини наздике ёфтам.

Алинажод: Сусиёлисм мегӯяд бигзоред фарҳанг ва адабиёти миллатҳое, ки дар дохили мамлакате зиндагӣ мекунанд, шукуфо гардад. Ҳатто миллатҳое, ки дар масири торих ақабуфтодаанд ва дар фазои ситаму истисмор дучори хафақон шудаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин эътиқод забону адабиёти Тоҷикистон пас аз инқилоб чи таҳаввулоте ба худ дидааст?

Ғафуров: То замоне ки ҳануз Ҷумҳурии Тоҷикистон падид наёмада буд, сухан аз миллияти тоҷик гуфтан кори душворе буд. Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин ноҳия (сарзамин) андак андак худро тоҷик эълом карданд ва аз ин роҳ бештар муттаҳид шуданд.5 Ин иттиҳод, ба истилоҳи форсизабонон Осиёи Миёна, сабаб шудааст, ки имрӯза Тоҷикистон ба як маркази иттиҳоди забонӣ ва фарҳангӣ бадал шавад. Ин вазифа, чун вазифаи хеле бузургест, табъан мусталзими (ниёзманди) кӯшиши фавқулодаест. Ин худ масъалаи бузургеро дар баробари мо қарор медиҳад ва он ин аст, ки адабиёти мо ҳарчи бештар бояд кӯшиш кунад, ки ба мардум ва забони мардум наздик шавад. Забони адабии мо дар ин ҷиҳат бояд ҳаракат кунад ва дуруст, ки дар Тоҷикистон инак таъдоди зиёде забоншинос, донишманд ва адиб тарбият шудаанд, вале ҳама кӯшишҳо дар ҳоли ҳозир дар ин нуқта мутамаркиз шудааст, ки забони адабии мо бо забони омма мунтабиқ шавад. Чаро? Барои он ки ин адабиёт аз даруни мардум берун омада ва мутааллиқ ба онҳост ва бояд барои онҳо мафҳум бошад. Мутаассифона ҷараёнҳое мушоҳида мешавад, ки саъй мекунанд забони адабиро аз забони мардум дур нигаҳ доранд. Ин ҷараён ба вижа дар Эрон зиёд мушоҳида мешавад.

Алинажод: Чи ҷараёнҳое?

Ғафуров: Душворнависӣ, навиштан ба шеваи клосик ва ба шеваҳои дур аз забони мардум. Дар заминаи адабиёти клосик набояд фаромуш кард, ки мо ниёзманди адабиёти клосик ҳастем. Ин як ҷузъи лоятаҷазои (ҷудоинопазири) вуҷуди мост. Бояд аз адабиёти клосики худ истифода кунем, вале гоҳ мебинем ин истифода шакли меконик ба худ мегирад. Бо тааққул ва тафаккур омехта нест. Ин албатта музир аст. Мо дар адабиёти клосик вожаҳое бисёре дорем, ки ҷудо бояд аз онҳо истифода кунем, вале ҳастанд вожаҳое, ки ба тадриҷ ҷои худро ба вожаҳои тозае додаанд, аз миён рафтаанду мурдаанд. Мо дар нигаҳдошти ин вожаҳо, ки худи ҷомеа онҳоро дур рехтааст, набояд таассуби кӯдакона ба харҷ диҳем. Бино бар ин истифода аз адабиёти клосики мо лозим аст, вале бояд шакли маъқул дошта бошад, на шакли меконикӣ (механикӣ).

Алинажод: Мебахшед, ба истилоҳ ҳарф туи ҳарф омад. Шумо доштед дар бораи таҳаввулоте, ки забону адабиёти тоҷик пас аз инқилоби 1917 ба худ дид, мегуфтед.

Ғафуров: Адабиёт ҳамеша барои мардуми босавод қобили истифода аст. Дар Шӯравӣ бесаводӣ лағв шудааст. Мардум ҳама босавод шудаанд ва рӯз ба рӯз бештар ба фаро гирифтани адаб машғул мешаванд. Мисли дигар навоҳии Шӯравӣ ин таҳаввули фарҳангӣ ба он ҷо анҷомидааст, ки имрӯза тоҷикҳо ба адабиёти худ воқеан наздик шудаанд. Дар гузашта касоне, ки дар Тоҷикистон “Шоҳнома” и Фирдавсиро мехонданд, аз ҳазор нафар бештар набуданд ва шеърҳои Фирдавсӣ ағлаб аз тариқи наққолӣ ироа мешуд, вале дар солҳои ахир мардум анбӯҳ-анбӯҳ ба адабиёти клосики худ рӯй овардаанд. Ҳамчунин дар гузашта тоҷикон фақат чанд шоир: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Амир Алишери Навоиро мешинохтанд. Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ на танҳо адабиёти клосикро ба забони форсӣ, ки бештари онҳоро ба забони худ мутолиа мекунанд. Борҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва осори Саъдӣ, бавижа “Гулистон” ва девони Ҳофиз ва рубоиёти Хайём ба русӣ тарҷума шудааст. Тозагӣ китобе аз ашъори Фирдавсӣ ба забони русӣ тарҷума шуда ва ман муқаддимае бар он навиштаам, ки 250 ҳазор нусха аз он мунташир шудааст. Ин тирож худ нишонаи он аст, ки мардуми Шӯравӣ дар чи миқёсе аз адабиёти клосики Эрон истифода мекунанд. Як мисоли дигар: Амир Хусрави Деҳлавиро таъдоди андаке дар Шӯравӣ мешинохтанд, вале имрӯза ба унвони яке аз машҳуртарин шоирони порсигӯ дар Тоҷикистон ва дигар навоҳии Шӯравӣ шинохта шудааст ва мардум бо осори ӯ ошноӣ доранд.

Алинажод: Дар бораи “Шоҳнома” гуфтед ва суоле дар бораи корҳое, ки рӯи “Шоҳнома” мешавад, бароям пеш омад. Се сол пеш Рустам Алиюф (эроншиноси Шӯравӣ) ба ман гуфт, ки шӯравиҳо машғули фароҳам сохтани як вожаномаи “Шоҳнома” ҳастанд. Шумо медонед кори ин вожанома ба куҷо кашидааст?

Ғафуров: Дар ин замина кори бисёре шуда ва лозим аст бишавад. На танҳо насли кунунӣ, балки наслҳои оянда бояд рӯи “Шоҳнома” кор кунанд. Ин китоби азимест, ки металабад наслҳои мутааддид рӯи он ба кори илмӣ бипардозанд ва барои ҳама замонҳо имкони кор рӯи “Шоҳнома” ҳаст. Аммо дар бораи худи “Шоҳнома” дар гузашта Институи ховаршиносӣ ба интишори матни мунаққаъ ва интиҷодии он пардохт, ки дар 9 ҷилд интишор ёфт. Вале ин матн дорои норасоиҳо ва нақоисе буд ва чунин чизе табиист. Ба ҳамин далел акнун дар садад баромадаем бо кӯмаки донишмандони эронӣ матни тозаеро, ки норасоиҳои камтаре дошта бошад, Дар Эрон мунташир кунем. Табъан ҳар нусхаи танқеҳӣ беҳтар аз нусхаи пешин аст ва саъй бар он аст, ки дар ояндаи наздик ин корро ба поён бибарем.
Аммо дар бораи вожанома, марҳум Абдулҳусайни Нӯшин вожаномае барои “Шоҳнома” фароҳам оварда буд, ки дар Эрон ба ҳиммати Бунёди фарҳанг интишор ёфтааст. Вале ин вожанома кофӣ ва комил нест. Донишмандони Шӯравӣ дар сададанд вожаномаи бисёр бузургу комиле аз “Шоҳнома” таҳия кунанд. Ҳамакнун дар замина кор идома дорад ва ин кор ҳам бояд бо кӯмаки донишмандони эронӣ анҷом шавад. Мо фикр мекунем, ки ин кори пурзаҳмат дастикам шаш то ҳафт соли дигар вақт лозим дорад.

Алинажод: Шояд нахустин вазифаи касоне, ки дар заминаи адабиёти клосик кор мекунанд, ин бошад, ки як матни покиза ва асил, як матни тасҳеҳшудаву дуруст аз осор ба даст диҳанд. Аммо ин ба худии худ ҳадаф наметавонад бошад. Ҳадаф бояд ин бошад. Ки пас аз таҳияи матни дуруст ба арзёбии асар биншинем ва чанду чуни онро бисанҷем. Фарз кунед, аз осори Низомӣ як матни дуруст таҳия кардаем, аммо баъд зарурат дорад, ки масалан ашхоси достонии Низомиро ба унвони яке аз абъоди (ҷанбаҳои) кор арзишёбӣ кунем. Фарз кунед Лайлиро дар китоби “Лайлӣ ва Маҷнун” ва Ширинро дар китоби “Хусрав ва Ширин”, то бубинем ҳар кадом чи арзишҳое доранд. Дар Шӯравӣ дар ин замина чи кардаанд?

Ғафуров: Корҳои бузурге дар ин замина анҷом шудааст. Мо гузашта аз институҳои ховаршиносии мутаъаддиде, ки дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои мухталиф дорем, дар Тоҷикистон як институи вижаи эроншиносӣ дорем, ки дар он ҷо ба ин масоил таваҷҷуҳ мекунанд. Масалан, дар мавриди Низомӣ, ҳамон ки мисол задед, осори мутаъаддиде то кунун навишта шудааст. Дар бораи ҷаҳонбинии Низомӣ, дар бораи андешаҳои фалсафии Низомӣ, дар бораи вижагиҳои адабӣ ва ҳунарии Низомӣ ва ҳатто кор мекунем рӯи асари (таъсири) Низомӣ бар Амир Хусрав. Инҳо чизҳоест, ки мо дақиқан дар пайи онем, вале чунин корҳое бавоқеъ чунон густарда аст, ки поённопазир аст.

Алинажод: Пас, чигуна аст, ки мо аз шӯравиҳо он қадар, ки дар заминаи торихи Эрон корҳои нек дидаем, дар бораи адабиёт надидаем? Оё Шумо дар торих бештар аз адабиёт кор мекунед ё то кунун кардаед?

Ғафуров: На, чунин нест. Бисёре китобҳост, ки тарҷума нашудааст. Шумо мутарҷими русӣ ҳам кам доред.

Алинажод: Бо ин ҳама корҳо, ки дар Шӯравӣ дар бораи Эрон мешавад, метавонед бигӯед дар кишвари шумо чанд эроншинос ҳастанд?

Ғафуров: Ман наметавонам дар ин замина рақами дақиқе ироа кунам, вале метавонам бигӯям, ки беш аз ҳазор донишманд, ба маънии васеъи калима, дар риштаи эроншиносӣ кор мекунанд, ки агар тасаввур кунед ҳар кадом аз ин донишмандон даҳ нафар ба унвони ҳамкор доранд, ки аз лиҳози мақоми илмӣ ба дараҷаи онҳо намерасанд, даҳ ҳазор нафар дар корҳои марбут ба эроншиносӣ даст доранд. Шоҳаншоҳи шумо дар дидори худ аз Шӯравӣ ба ин нукта ба сароҳат ишора кардаанд, ки дар ҳеч як аз кишварҳои ҷаҳон ба андозаи Шӯравӣ дар заминаи эроншиносӣ кору кӯшиш нашудааст.

Алинажод: Дар чанд донишгоҳи Шӯравӣ курсии (кафедраи) эроншиносӣ вуҷуд дорад?

Ғафуров: Донишгоҳҳои Ленингрод, Маскав, Тифлис, Иривон, Боку, Тошканд, Самарқанд ва Душанбе, ки ҳар сол садҳо эроншинос тарбият мекунанд. Гузашта аз инҳо таъдоди зиёде институи пажӯҳишҳои илмӣ вуҷуд дорад, ки зимни фаъолият дар заминаи эроншиносӣ ба парвариши пажӯҳандагон низ мепардозанд.

Алинажод: Вазъи матбуоти форсизабонон дар Тоҷикистон чи гуна аст?

Ғафуров: Нахуст бояд бигӯям, ки осори тоҷикӣ ҳам ба хатти кунунии форсӣ мунташир мешавад ва ҳам ба хатти русӣ, аммо матбуот ба хатти русист. Дар Тоҷикистон таъдоди зиёде рӯзнома ва маҷалла ба забони мардуми тоҷик мунташир мешавад. Маҷаллаҳои махсуси баррасии адабиёт низ ҳаст, ки ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ мунташир мешавад. Масалан “Садои Шарқ” ва “Помир”, ки ин яке ба забони русӣ ва барои мардуми ғайритоҷик мунташир мешавад.

Алинажод: Аз нашриёти форсизабоне, ки дар Эрон мунташир мешавад, ҳеч ба Тоҷикистон меояд?

Ғафуров: Маҷаллаи “Сухан”, ки мураттаб мерасад. Рӯзномаи “Иттилоъот”, маҷаллот ва рӯзномаҳои дигаре ҳам меояд, вале бояд ёдовар шавам, ки вазъи мубодилаи китобҳо ва навиштаҳо байни ду кишвар вазъи ризоятбахше надорад.

Алинажод: Аз мо чи сохта аст? (Мо чи кор метавонем бикунем?)

Ғафуров: Яке аз корҳое, ки ба назар хеле асосист, фиристодани китобҳо ва маҷаллаҳову рӯзномаҳо аз Эрон ба китобхонаи Академии улуми Тоҷикистон ва китобхонаи Тоҷикистон (?) ва китобхонаи “Фирдавсӣ” дар Тоҷикистон аст. Чи басо иттифоқ меафтад китобҳо ё мақолоте дар Эрон тарҷума мешавад, ки аҳли фанни Тоҷикистон аз он огоҳӣ надоранд. Бино бар ин бояд дар тақвияти равобити донишмандони ду кишвар кӯшид. Бояд донишмандони ду кишвар огоҳӣ ёбанд аз он чи дар он ҷо ва он чи дар ин ҷо мунташир мешавад. Дар ин сурат метавонед робитаҳоро мустаҳкамтар кунед.

Алинажод: Аз Шумо, ки фурсататонро ба ман додед ва аз устоди азиз дуктур Иноятуллоҳи Ризо, ки заҳмати тарҷумаро кашиданд, муташаккирам.
************************************************
Тавзеҳот:
1. Манзур қаҳрамони китоби нависандаи Эронӣ Зайнулобиддини Мароғаӣ аст, ки дар ибтидои қарни 20 китобе бо унвони “Сафарномаи Иброҳимбег” навишта ва он замон ин китоб дар Мовароуннаҳр ҳам интишор ёфта ва шуҳрат дошт.
2.Манзур дарси матни классикӣ аст.
3.Мутаассифона, дар солҳои ахир боз ҳамон падидаи маҳдуд кардани забони дарӣ дар Афғонистон чандин маротиба мушоҳида шудааст.
4.Дар асл бояд Хуқанд бошад, ки мусоҳибакунанда иштибоҳан онро Хуганд шунида ва Хуҷанд тасаввур кардааст.
5. Бобоҷон Ғафуров фишори пантуркистонро дар ибтидои қарни 20 дар назар дорад.

Таҳия ва тавзеҳоти Рустами Ваҳҳоб
САДОИ ШАРҚ – 2014 - №12 

А. И. Мирошников, номзади илмҳои таърих

Мулоқоти  нахустини ман бо Б. Ғ. Ғафуров 30 сол пеш дар Порис, ки ман дар он ҷо аз соли 1964 дар ташкилоти ЮНЕСКО адои вазифа менамудам, рух дод. Маро бо ӯ ва духатараш Нелли академик К. М. Бонгард-Левин шинос намуд.

Ҳангоме ки аз ман дар бораи Б. Ғ. Ғафуров ва хотироти асосию фаромӯшношуданиам доир ба ин шахияти ғайриодӣ суол мекунанд, бе дудилагӣ ҷавоб медиҳам: - Ӯ шахси наҷиб ва дар айни замон  сиёсатмадори модарзод, сиёсатмадори барҷаста, сиёсатмадори худодод буд. Зимнан сиёсатмадори дараҷаи махсус, зеро дар солҳои мушкил ва ноосудаи мамлакат ӯ кӯшиш намуд, ки  дар кору фаъолияти худ асосҳои ахлоқиро ҳифз намояд, инсони бошарофат  бимонад…

Дар шахсияти Б. Ғ. Ғафуров хислати дигари ӯ хеле баръало зоҳир мегардид – ӯ одами шарқӣ, фарзанди халқи тоҷик, ватанпарасти шаҳрчаи худ, ки дар  он ҷо даврони кӯдакиаш сипарӣ шуда ва имрӯз номи ӯро гирифтааст, буд. 

Б. Ф. Ключников, профессор

Бори охирин, ба фикрам, Бобоҷон Ғафуровро моҳи Марти соли 1977 дар чорабинии бахшида ба ҷашни симои азодандеши тоҷики асри Х1Х Аҳмади Дониш дидам.

Дар хусуси вожаҳои умумии фаъолияти Б. Ғ. Ғафуров дар Институт сухан гуфта,  ман бори дигар ба ёддоштҳои Фаниа Александровна Тодер  рӯй меоварам. Боре як олими хориҷӣ аз ӯ суол мекунад, ки  чаро раёсати Институтро  Ғафуров ба ӯҳда дорад ва дар кадом соҳаи илми шарқшиносӣ фаъолият мекунад ( ин кор пеш аз нашри китоби «тоҷикон» сурат гирифта буд). Ӯ ба андешаи  ман хеле посухи дақиқ додаст: «Ғафуров хирадманди шарқӣ аст ва ҳатман чуни шахс бояд сарвари Институти шарқшиносӣ бошад»…

Хотираи дигаре дар лавҳит хотирам боқӣ мондааст. Вақте ӯ дарк кард, ки  ба дарди бедавое мубтало шудааст, бо баҳонае ба Арабистони Саудӣ ба сафари хидматӣ мебарояд ва дар айни замон маросими ҳаҷро  ба ҷой меоварад. Пас аз бозгашташ ман дар омади гап гуфтам: «Акнун шуморо ҳоҷӣ Бобоҷон гӯем ҳам мешавад!»

Дар ҷавоб ӯ табассуми асроромезе кард. Бо вуҷуди ин ҳама ӯ барои ҷон додан ба сӯи ватан парвоз кард. Реша  ва пайвандҳои суннатии ӯ мустаҳкамтар баромад.

Г . К. Широков., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Дар хусуси Б. Ғ. Ғафуров ходимони сиёсии ҳизбӣ хеле навиштаанд. Вале дар бораи  як инсони одӣ – сарвар, омӯзгор, мураббӣ ва шахси оиладор кам сухан гуфта шудааст.

 Бо Б. Ғ. Ғафуров моҳи апрели соли 1969 шинос гаштам ва чун мушовири коршиноси ӯ то охири ҳаёташ (1977) кор кардам. Бо  Б. Ғафуров ҳамон замон муносибатҳои корӣ, вале хеле нарм барқарор шуд. Ҳамчунин ӯ нисбат ба дигар ходимони маъмурӣ ҳам муносибати гарму самимона дошт

Б. Ғ. Ғафуров чун сарвари оила хеле оиладори хуб буд. Ӯ духтараш Нелли, бародараш Олимҷон, хоҳаронаш Тоҷӣ ва Зебиро хеле дӯст медошт, ҳангоми зарурат ба онҳо ёрӣ мерасмонд.

Б. Ғ. Ғафуровдар як шабонарӯз 10-12 соат, ҳатто рӯзҳои истироҳат ҳам кор мекард.

Боре ҳангоми сафари роҳабри Ҳаракати озодихоҳии Фаластин Ёсир Арафот Б. Ғ. Ғафуров мебоист бо  супориши ҳукумат бо ӯ гуфтушинуд гузаронад. Пас аз гуфтугӯи телефонӣ маълум шуд, ки  ин мулоқот танҳо шабона баргузор шуда метавонад.Вақте ки аз он баргаштем, соати яки нисфишаб буд. Ногуфта намонад, ки Б. Ғ. Ғафуров супоришҳои давлатиро, ба хусус агар мавзӯъ сари мушкилоти кишварҳои Шарқ бошад, ба зудӣ анҷом медод.

Б. Ғ. Ғафуров дар назди роҳбарони давлат обрӯю эътибори зиёд дошт.

Дар яке аз чорабиниҳои ботантана дар толори хонаи Иттифоқҳо дар ҳуҷраи пазироии меҳмонони хоса ман шоҳиди чунин гуфтугӯ гаштам.. Яке аз таърихнигорони шинохта, ки аз нашри китоби барҷастаи «Тоҷикон» норизо буд, гуфт: «Бояд ба ин китоб як тақризи манфӣ ба чоп расонд». Дар ҷавоби ин узви Бюрои сиёсии КМ КПСС М. А. Суслов, ки шарики ин гуфтугӯ буд, гуфт: «Ман барои шумо кардани ин корро маслиҳат намедиҳам, - Ғафуровро наметавон шикаст дод»…

Б. Ғ. Ғафуров дар ҳақиқат интернатсионалисти  ҳақиқӣ ва ҳамеша намоёнгари сарсупурдаи Тоҷикистони азизаш буд. Агар равонаи ягон мулоқоти ботантана  ё сафари хориҷ аз кишвар мешуд, ӯ ҳамеша тоқиашро ба сар мекард. Дар ҷои кораш бошад, ӯ ҳамеша ҷомаи тоҷикӣ дошт, ки бо он ҳангоми истироҳат болои худро мепӯшид. Тоқиашро, бахусус  дар хориҷ аз кишвар ӯ боэҳтиёт ҳамроҳи ҳуҷҷатҳояш дар ҷайби дохилии пиҷакаш наздиктар ба қалби худ нигаҳ медошт.

Б. Ғ. Ғафуров мусиқии халқии миллиро бисёр дӯст медошт, махсусан мусиқии асбобҳои халқиро.

А. М. Гребнев, мушоври коршиноси Б. Ғ. Ғафуров (1969-1977) 

…Дар соли 1968, агар хотираам фиреб накунад, масъалаи навиштани китоби нав ё нашри чоруми «Таърихи халқи тоҷик» ба миён омад. Вақте ки навбати суҳбат ба ман шуд, гуфтам: «Китоби нав нависед». Он гоҳ он касс дар ҷавоб гуфтанд: «Оё шумо розӣ ҳастед, ки муҳаррири масъули он бошед?»

Ба интихоби номи китоб шурӯ кардем. Б. Ғ. Ғафуров пешниҳод кард: «Тоҷикон» меномем. Ва он ки хатари он вуҷуд дошт, ки дигарон метавонанд озурда гарданд…

Роҳбарони яке аз ҷумҳуриҳои осиёмиёнагӣ аз нашри китоби «Тоҷикон» сахт озурда гардиданд ва дар мактуби ба унвони КМ КПСС навиштаашон пешниҳод намуданд, ки Б. Ғ. Ғафуров маҳкум карда шавад. барои санҷиши ин кор шарқшиносони ленинградиро сафарбар намуданд. Тақризи онҳо интишор нашуд. 

Шариф Хамдампур
 Ҳангоме, ки ман соли 1982 дар шаҳри Маскав барои таҳияи  намоишномаи филми ҳуҷчатии «Академик Ғафуров» дар бойгонии шахсии ӯ  кор менамудам, матни мусоҳибаи ӯро бо Сталин дарёфт намудам. Санадҳои  зери мӯҳри  комилан махфӣ маҳсуб мешуданд ва ба ман муяссар нагардид, ки инҳоро ба чоп расонам. Аз он замон хеле чизҳо тағйир ёфтанд ва акнун ҳангоме, ки  мо  бо роҳи ҷомеаи демократӣ ва эҳёи миллӣ қадам ниҳодаем, дубора ба сарчашмаҳо ва таърихи худ муроҷиат менамоем. Бобоҷон Ғафуров   бошад як ҷузъи таърихи мо – таърихи халқи тоҷик аст.  Ин заминаи воқеӣ дорад, зеро академик Бобоҷон Ғафуров   дар тамоми ҷаҳон на танҳо ҳамчун донишманду шарқшиноси шинохта балки арбоби маъруфи сиёсие, ки  дар амали барқарорсозии адолати таърихӣ мешиносанд.

То ҳанӯз на  ҳамаи  осори ӯ ба чоп расидааст маълумоти хеле ночизе дар бораи он, ки ӯ чӣ гуна манфиатҳои халқи тоҷик ва ҷумҳуриро ҳимоя кардааст, дастрас гардидааст. Сӯҳбатҳои ӯ бо И. В. Сталин тасдиқи ин суханҳо аст.

Ҳангоми сӯҳбат бо И. В. Сталин Бобоҷон Ғафуров дар байни масъалаҳои дигар масъалаи сохтмони роҳи оҳани Самарқанд-Такфон-Душанберо ба миён гузошт.

Интишори сӯҳбати Бобоҷон Ғафуров   имкон медиҳад ба таври амиқ бифаҳмем, ки  дар он замонҳои мураккаб роҳбарони мо дар чӣ хусус андеша менамуданд. Сӯҳбатҳо 28 январи соли 1948 соати 22 35 ба вақти Маскав баргузор шуда, беш аз 50 дақиқа идома дошт.

Сталин: -Созмонҳои ҳизбии Тоҷикистон дар кадом ҳоланд? Вазъи кадрҳо чӣ гуна аст?

Ғафуров: -Кадрҳо ҳастанд. Ба созмонҳои ҳизбӣ муяссар гардид, ки ҷумҳурӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ  хеле боло равад. Нақшаи пахтасупорӣ дар соли 1946 125% ва дар соли 1947 113% иҷро шудааст.

Сталин:  -Медонам, хеле хуб.

Ғафуров: -Колхозҳо аз нигоҳи ташкилӣ боқувват шудаанд, аксари колхозчиён аз нигоҳи моддӣ зиндагии хуб доранд. Рафиқ Сталин, мо мехоҳем дар соли 1948 250 ҳазори тонна ва дар соли 1949 300 ҳазор тонна пахта супорем.

Сталин:  -Бисёр хуб

Ғафуров: -Агар масъалаи «Вахши калон»-ро ҳал намоем, метавонем дар панҷсолаи оянда ҷамъоварии маҷмӯиро ба 500 ҳазор расонем.

Сталин:  (Ба харита-нақшаи «Вахши калон» нигоҳ карда) -Хуб, мебинем. Дар айни замон дар водии Вахш чанд га аз худ шудааст?

Ғафуров: -80 ҳазор га.

Сталин:  Дар он ҷо кадом як навъи махсуси пахта кишт мешавад?

Расулов: -Маҳиннах, ба ном «мисрӣ».

Ғафуров: -Рафиқ Сталин, мо аз Шумо хоҳиш менамоем барои чорабиниҳои мо оид ба баланд бардоштани пахтакорӣ ёрӣ расонед. Додани нуриҳои минералиро хоҳиш мекунем.

Сталин:  -Бо кимиёгарон сӯҳбат намудан лозим аст. Монед, мебинем.

Ғафуров: -Соли гузашта Шӯрои Вазирон барои колхозҳои мо  200 автомошина ҷудо карда буд, вале мо танҳо 45-то гирифтем. Соли 1948 хоҳиш менамоем мошинҳои боқимондаро ҷуброн намоянд.

Сталин:  -Мебинем, ба назарам барои ҳама тақсимотро мухтасар намудем.

Ғафуров: -Рафиқ Сталин, мо масъалаи хеле муҳим дорем, дар бораи роҳа оҳани Самарқанд-Такфон-Сталинобод (дар хусуси роҳ нақл менамояд).

Сталин:  (Харитаро аз чашм гузаронида)- Ба назарам шумо ин масъаларо гузошта будед!

Ғафуров: -Ин роҳ аҳамияти ҳарбӣ ва иқтисодии бузург дорад. он роҳро се маротиба наздиктар месозад ва аз ноҳияҳое мегузарад, ки  аз канданиҳои фоиданок бой мебошанд.

Сталин:  -Дар айни ҳол мо наметавонем ин масъаларо ҳал намоем. Соли 1949 оғоз мекунем. Умуман ин кор арзиш дорад, аҳамиятнок аст, вале на ҳамаи роҳҳо ва на ҳамаи пулҳо дар ноҳияҳои ишғолшуда сохта ва барқарор карда нашудаанд.

Ғафуров: -Боз як саволи дигар: мо аз ноҳияҳои кӯҳистон ба водии Вахш колхозчиёнро муҳоҷир карда истодаем. Хоҳиш дорем ба онҳо имтиёзҳо дода шавад.

Сталин:  -Мо ин масъаларо ҳал карда наметавонем. Дар натиҷаи ислоҳоти пулӣ ва бекор кардани карточка давлат 57 миллиард рубл зарар бардошт.

Ғафуров: -Ман боз як савол дорам. Соли 1947 кормандони вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ хуб кор карданд. Хоҳиш менаомям иҷозат диҳед барои мукофотонидан ҳамроҳ бо пешқадамон-колхозчиён коргарони МТС ва кормандони ноҳиявиро пешниҳод намоем-200 нафар.

Сталин:  -Мумкин аст, пешниҳод намоед

Ғафуров: -Мо нависанде дорем, Айнӣ нависандаи бузурги тоҷик аст. Иҷозат диҳед ба ӯ нишони Ленин мукофотонида шавад.

Сталин:  -Мумкин аст ин корро кардан.

Ғафуров: -Дар қаламрави ҷумҳурии мо ӯзбакҳо «Фарҳод»-ро сохтанд.

Сталин:  -Чаро дар қаалмрави шумо? Ин чӣ тавр мешавад?

Расулов: -Қарори ҳокимияти иттифоқӣ буд, мо розӣ шуда наметавонистем. Дар натиҷа 2 ҳазор хоҷагӣ бе заминҳои наздиҳавлигӣ ва бе боғ монданд. Мо хоҳиш мекунем бар ивази барқи «Фарҳод» насоси обкаши зарурӣ сохта шавад.

Сталин: -Обро аз куҷо мегирад:

Ғафуров:-Коре карда аз Сирдарё.

Сталин:  -Маълум мешавад  замин аз сатҳи об баланд аст. Ва ин чӣ қадар маблағ талаб дорад?

Ғафуров: -15 миллион рубл аз ҳисоби буҷа. Корҳои зиёдро худи колхозчиён анҷом медиҳанд.

Сталин:  -Мебинем, монед.

Ғафуров:-Суханронии шуморо дар қабули иштирокчиёни даҳаи санъати тоҷик халқ медонад. Хоҳиш мекунам иҷозат диҳед онро дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода барем.

Сталин: (Суханрониро аз аввал то охир мехонад) –Хуб монед, фардо ман ин суханрониро ба шумо медиҳам.

Ғафуров: -Ман сухани дигар надорам, Расулов сухан мегӯяд.

Расулов: -Соли 1949 ҷумҳурии мо 20-сола мешавад. Хоҳиш дорем ҷашни онро иҷозат диҳед.

Сталин: (Ба Жданов) – 20 солагӣ ҷашн гирифта мешавад?

Жданов: -Бале.

Расулов: -Вобаста ба ҳамин хоҳиш менамоем маблағе чанд иҷозат диҳед, то ин ки пойтахти ҷумҳурии худро ба тартиб оварем.

Сталин: -Ба назарам ин деҳаи Душанбе буд.

Расулов: - Бале, аммо имрӯз он шаҳри  калон аст, 130 ҳазор аҳолӣ дорад.

Сталин: -Монед, мебинем.

Расулов: - Барои ноҳияҳои кӯҳистонии  ғаллакор хоҳиш менамоям трактор диҳед.

Сталин: -Чанд адад?

Расулов: -Танҳо сад адад.

Сталин: -Мебинем.

Жданов (ба Сталин):

-Рафиқ Ғафуров таърихнигор аст, дар бораи таърихи халқи тоҷик кор мекунад.

 (Ба Ғафуров) – Ба фикрам ин корро ҳоло шумо ба анҷом расондед?

Ғафуров:

-Бале, Андрей Александрович, ҷилди аввалро тамом кардам, аммо дар байни мо ихтилофи назар вуҷуд дорад, Иосиф Виссарионович.

Сталин:

-Чӣ ихтилоф?

Ғафуров:

- Дар илми таърихнигорӣ ду нақтаи назар вуҷуд дорад: яке аз онҳо аз ҳад зиёд нишон додани таърихи турки Осиёи Миёна, аммо дигаре собит мекунад, ки  халқҳои дар гузашта сокини он эронинажодҳоанд. Мо ҳам ана ҳамин нуқтаи назарро ҷонибдорӣ мекунем ва барои ҳамин моро ба назарияи миллатгароӣ гунаҳкор мекунанд.

(Сталин ва Жданов бо садои баланд механданд)

Сталин:

-Агар аз нигоҳи илмӣ ин дуруст бошад ва агар  дар ҳақиқат ин ҳамин тавр аст, чӣ бадӣ дорад? Нуқтаи назари худро исбот кунед.

Ғафуров:

-Бале, рафиқ Сталин, ҳамаи ин дуруст аст, вале бо вуҷуди ин баъзеҳо моро зери танқид гирифтаанд. Чунин шахсон ҳатто дар раёсати таблиғот ҳам мавҷуданд.

Расулов:

-Махсусан аз рӯи ин масъала бо ӯзбакҳо ихтилофи назарҳои зиёд дорем.

Сталин:

-Ҳа, онҳо одату ғарази ҳама чизро ба худ нисбат доданро доранд.

Ғафуров:

- Иосиф Виссарионович, халқи тоҷик медонад, ки ташкил шудани ҷумҳурии мо бо исрори Шумо ва бо супориши КМ ВКП (б) сурат гирифтааст. Дар он замон, ҳатто дар байни тоҷикон, низ ашхосе буданд, ки  мехостанд исбот кунанд, ки  дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд ва барои Шумо дар ин маврид телеграммаҳо ҳам фиристода буданд.

Сталин:

-Бале, Раҳимбоев ном шахсе буд, ки исбот мекард дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд. Вале онҳо, яъне тоҷикон,  на танҳо мавҷуданд, балки чи тавре ки мебинад, зиёд мешаванд ва он халқи бисёр хоси дорои тафовутҳои калон бо ӯзбакон, қирғизҳо, қазоқҳо ва туркманҳо мебошанд.

Туркҳо дар Осиёи Миёна дар асрҳои XI-XII асри мо пайдо шудаанд аммо эронинажодон дар он ҷо дар асрҳои V то милод вуҷуд доштанд.

Ғафуров:

- Ҳатто дар асри  IV то милод, рафиқ Сталин… Мехостам аз Шумо бипурсам, мумкин аст худшиносии миллии халқро баланд бардорем?

Сталин:

-Мумкин ва зарур аст. Фақат ин ки  набояд ба ифротгароии миллӣ роҳ дод.

Ғафуров: - Дар машварат дар КМ ВКП (б) бо оҳангсозон  Андрей Александрович гуфт, ки ҳама чизро дӯст бояд дошт ва набояд фаромӯш кард, ки  халқҳои дигар ҳам чизҳои хубе доранд. мо  инро дар хотир дорем.

Сталин: -Дуруст.

Ғафуров: - Ногуфта намонад, фарҳангӣ эронӣ на дар ҳудуди Эрони кунунӣ, балки дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Фирдавсиро мо  чун забони модарӣ мефаҳмем. эрониҳо бошад онро бо луғат мехонанд.

Сталин: -Инро бояд исбот кард, инро бояд таблиғу ташвиқ кард

Ғафуров: - Мо хоҳиш мекунем, рафиқ Сталин, масъалаҳои таърих дар ВКП (б) баррасӣ гарданд.

Сталин: -Ана ба рафиқ Жданов супориш медиҳем ва ӯ ин масъаларо ҳаллу фасл менамояд.

(Жданов ба китобчаи ёддоштҳо қайд менамояд) Лутфан.

Сталин: -Ба ман бигӯед, ки чаро имсол ӯзбакҳо аз ӯҳдаи пахта баромада натавонистанд. Оё рост аст ки ба онҳо сохтмонҳои халқӣ барои баланд бардоштани пахтакорӣ халал расондааст?

Ғафуров: -Рафиқ Расулов агроном аст, ӯ беҳтар дар ин хусус қисса мекунад (Сталин саволро ба Расулов такрор мекунад).
Чаббор Расулов

Расулов: -Не, сабаби асосӣ дар он аст, ки  онҳо кишти такрориро пас аз сармоҳои бемаҳал сари вақт анҷом надоданд.

Жданов: -Онҳо бо мардум кор карда наметавонанд. Юсупов нисбат ба худ худписандии хеле зиёд дорад.

Сталин: -Бале, чунин тамоюл ба Юсупов вуҷуд дорад...Соҳиби тамоми Осиёи Миёна гардидан…

Ғафуров: (Хайрухуш карда) Бибахшед, Иосиф Виссарионович, мо вақти гаронбаҳои шуморо гирифтем.

Жданов (хайрухуш карда ба Сталин): Аҳсан ба онҳо, бо ҳам дӯстона кор мекунанд.

Шарофиддини Рустам, арбоби илми ҷумҳурӣ,   узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми филология

Бобоҷон Ғафуров ба халқи тоҷик ва забони ӯ пайваста ҳамкорӣ менамуд, аз вазъи ногувори забон ба ташвиш меафтод ва роҳи ислоҳи онро ҷустуҷӯ менамуд. Забони модариашро азиз медошт ва хор доштани онро гуноҳ медонист. Ӯ тавсия медод, ки  фарзандони  халқаш забонҳои машҳури ҷаҳонро омӯзанд, вале забони модариашонро фаромӯш ва хор накунанд. Намунаи олиҷаноби ин дастур китоби «Тоҷикон» ба шумор меравад. Ин китоб дар соли 1972 дар айёме интишор ёфт, ки  ба ҳимояи забони миллӣ садо баровардан душвор буд.

Абдурасул Султонов,  собиқ сарагрономи   ноҳияи Шаҳритус, ҳоло муовини директори АО корхонаи консерви Хуҷанд, шахси боэътимодноки Б. Ғ. Ғафуров (соли 1958)

Ин рӯйдодро мисли ин ки  дирӯз  баргузор  гашта бошад, дар хотир дорам. Вохӯрӣ бароям фаромӯшнопазир буд. Он дар маркази шаҳраки Шаҳритус баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Бобоҷон Ғафуров (ҳамчун номзад ба депутати Шӯрои Олии СССР аз округи Шаҳритус) тақрибан 2 соат суханронӣ намуд.

Бахусус қиссаи ӯ дар бораи боздид аз яке аз осорхонаҳои Лондон, ки бар фарҳангии моддии халқҳои Шарқ бахшида шуда буд, хеле ҷолиб  буд.

Маълум мешавад, ки дар миёни намунаҳо таваҷҷӯҳи ӯро зарфҳои чойхӯрии тиллоии хеле нозук ва моҳирона сохта ҷалб кардааст. Бо исрори Бобоҷон Ғафуров маъмурияти осорхона иҷозат дод, ки  ӯ ба он аз наздик ошно шавад. Пас аз муоина ва ошноӣ бо он маълум шуд ки онро ҷавоҳирсозони Қубодиён сохтаанд ва рӯи он  яке аз ҳокимони Қубодиён -  шоҳ Қубод нақш шудааст.

Б. Ғ. Ғафуров мехост ҳақиқатҳоеро бифаҳмад, ки  он чӣтавр аз Қубодиён ба Лондон расид. маълум шуд, ки онро як полковники англис, корманди сафорати Англия дар Афғонистон аз сокини маҳаллӣ харида, баъдан ба осорхонаи Лондон фурӯхтааст.

Қиссаҳои ӯ саршори муҳаббат ва эҳтиром нисбат ба арзишҳои таърихии халқ буд. Ӯ даъват менамуд, ки онҳоро ҳифз намоянду барои наслҳои оянда ва барои таърих нигоҳ  доранд.

Дар солҳои ҷанг ва баъдиҷангӣ (1941-1945) Тоҷикистон  ба давлат ғаллҷот месупорид. Аҳволи моддии мардум вазнин буд, вале аҳволи сокинони Бадахшони кӯҳӣ нисбатан вазнинтар буд. Ғафуров ба он ҷо сафар карда, ҳамаи мушкилиҳоро мебинад, меомӯзад ва дар пайи ҳали ин масъала мешавад. Ниҳоят, боз ба Маскав рафта, мардуми Бадахшонро аз ғалласупорӣ озод мекунад (аз забони Тоҷинисо  Ғафурова – хоҳари калони Б. Ғафуров).

Муҳаммад Осимӣ, собиқ  президенти АИ ҶТ

Баҳори соли 1977 Бобоҷон Ғафуров барои ишитрок ба кори сессияи сайёри Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ СССР ба Душанбе омаданд. Сахт бемор буданд, аммо зоҳир намекарданд. Баъди анҷоми сессия ба Маскав нарафтанд. Боре  маро назди худ даъват карда гуфтанд:
Мухаммад Осими

-Ман ҳоло аз назди Абдуҷаббор ( Ҷаббор Расулов) омадам. Ба ӯ гуфтам, ки маро дар ҳамин ҷо, дар ватани азизам ба хок супоранд.

-Чиҳо мегӯед, Бобоҷон Ғафурович!?

-Хоҳишмандам гапамро набуред, бо диққат гӯш кунед. Дарди  ман бедармон аст. Ман дар ин хусус ба Абдуҷаббор гуфтам. Акнун шумо ҳам медонед. Дигар ҳеч кас набояд донад. Фақат як илтимос дорам: роҳ надиҳед, ки маро бо баҳонае аз ин ҷо баранд. Дигар дар ин бора гап тамом.

Аҳрор Мухторов, академики АИ ҶТ

Акадмик Бобоҷон Ғафуров зиндагии наҷибу дурахшон ва ибратомӯз ба сар бурда, номи вай дар китоби  таърихи илм абадӣ сабт ёфтааст. Ӯ иштирокчии бевосита ва шоҳиди дигаргунсозиҳо буд, ки эшонро ташаккул доданд дар рӯзгор ва шахсияташ нақши осори худро гузоштанд, дар ӯ хислатҳои фаҳмиши васеъ ва дарки моҳияти ҳақиқии воқеаҳоро тарбия намуданд.
Ахрор Мухторов

Ӯ чун мухлиси шашмақом ва қадршиноси нозуксанҷу нозукбини он барои омӯзиши таърих ва таблиғи он таваҷҷӯҳи калон зоҳир намудааст. Вай борҳо дар маҷлису форумҳои аҳли санъат такрор мекард, ки  ниёгонамон маҳсули гаронбаҳои мусиқиро ба мисли «Шашмақом» мерос гузоштаанд ва мо онро чун гавҳаракт чашм бояд ҳифз намоем. «Шашмақом» дурдонаи бебаҳоест, ки  аз қаъри асрҳои куҳан  то ба рӯзгори мо расидааст.

Абдуҳомид Гадоев – ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор

Тамоми умри Бобоҷон Ғафуров хидмат ба мардум буд. Ӯ чун фарзанди содиқи кишвар барои инкишофи иқтисодиёт, фарҳанг, илм ва маорифи он корҳои зиёдеро анҷом дод, сарвари оқил, дурандеш буд, ӯ нерӯи бузурги иқтисодӣ ва инсонии ҷумҳуриро медонист,  аз тамоми роҳҳо истифода мекард, то ки имконоти кишвари азизаш бештар вусъат ёбад.

Бо маҳбубияти хос Б. Ғафуров ба зиёиёни эҷодӣ, ба хусус нависандагон ва шоирон муносибат дошт.

Ҳабибулло Холҷӯраев, доктори илми таърих, профессор

Бобоҷон Ғафуров шоир ва нависандаи шинохтаи ғайрирасмӣ, инсони дорои қалби шоирона ва истеъдоди нависандагӣ буд, ки таърихи халқи худро ғамхорона ба қалам додааст.
Бобочон Гафуров бо Хабибулло Холчураев


 Ӯ ҳамчун рӯзноманигори касбӣ буд, ки  ин роҳро аз рӯзноманигори одӣ то муҳаррири рӯзнома, баъдан маҷаллаи ҷаҳонӣ тай намудааст.

Ӯ ходими ҳизбӣ буд, 20 сол сарварии созмони ҳизбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла 10 сол котибии аввалии онро ба ӯҳда дошт.

Ӯ ҳуқуқшинос  буд, чун сарвари раиси кумитаи халқии адлия низ адои вазифа намудааст.

Ӯ ходими давлатӣ ва  парламентёр буд, чандин солҳо депутати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва СССР интихоб шудааст.

Ӯ олим, академик, директории Институти бузургтарини шарқшиносӣ, ташкилотчӣ ва таблиғотчии дастовардҳои азими  илми бузург буд.

Ва ниҳоят ӯ омӯзгори ҳақиқие маҳсуб мешуд, ки садҳо ходитмони ҳизбиву давлатӣ, намояндагони маъруфи фарҳангро тарбия кардааст.

Назаршо Додхудоев,  Раиси собиқ Шӯрои Вазирони ҶТ

Нахустин маротиба сарвари сиёсии Тоҷикистон дар соли 1946 Бобоҷон Ғафуров  таъин мешавад. То соли 1930 сарварии КМ ПК Тоҷикистонро Ҳусейнови озарбойҷонӣ, солҳои 1930-33 Бройдои яҳудӣ, 1937-38 Шадунтси арманӣ, Ӯктам Ашӯрови ӯзбак аз Андиҷон  ва то сли 1946 Протопопови рус ба ӯҳда доштанд.
Назаршо Додхудоев 

Дар соли 1946 рафиқ И. В. Сталин фармон дод, ки  дар Тоҷикистон сарвари сиёсиро ба тоҷики маҳаллӣ иваз намоянд ва пешниҳод намуд, ки ин вазифа шахси дорои маърифати баланди илмӣ, фарҳангию донишманд пешбарӣ шавад. Ин шахс бояд дорои маҳорати ташкилотчигӣ бошад ва тавонад мардумро муттаҳид созад,  сарвари ҳақиқӣ бошад, манфиатҳои тамоми халқи тоҷикро ҳимоят намояд.

Дар он замон шахси ягонае, ки  ба ин талаботҳо метавонист ҷавоб диҳад, албатта, Бобоҷон Ғафуров буд. Ӯ бо як овоз Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон интихоб гардид. 

Раҳим Масов, ходими хизматнишондодаи илм,  доктори илмҳои таърих, директори Институти таърихи АИ ҶТ, академик

Пас аз тарафи Бартолд дар соли 1925 навиштани рисолаи таърихии «Очерк дар бораи тоҷикон» танҳо ба Бобоҷон Ғафуров ҷасорат, мардонагӣ ва ғайрат даст дод, ки  ба омӯхтан ва таснифи таърихи халқи худ оғоз намояд. Тадқиқоҳои  зиёди Б. Ғ. Ғафуров ба мероси фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна, нақш ва макони тамаддуни бостонии Осиёи Миёна, иртиботи байниҳамдигарии иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии халқҳои ин сарзамин бахшида шудаанд. Ва дар миёни ин мавзӯъҳои мухталифа ба сифати роҳи асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Б. Ғ. Ғафуров мавзӯе ба мадди аввал мебарояд, ки  он тамоми ҳаёти ӯ ва тамоми фаъолияти ӯро фаро гирифтааст – ин омӯзиш ва фарҳанги халқи тоҷик мебошад.

                                                          * * *

Олими барҷастаи номдори олам, академик Бобоҷон Ғафуров   баъд аз худ мероси бузурги илмӣ бар ҷой гузошт. Олими дорои хислатҳои ҳамакора буда, ҷонибҳои зиёди масоили таърихии халқҳои Осиёи Марказиро аз даврони қадимтарин то рӯзҳои амиқ ва ҳамаҷониба тахқиқ намуд.

Таърихи гузаштаи  халқи худ ва халқҳои дигари минтақаро омӯхта истода, ӯ таърихи даврони собиқ ҷумҳуриҳои Шарқи шӯравиро аз мадди назари  худ дур накард.

  Муҳаммад-Нурӣ Османович Османов, мудири Шӯъбаи Институти шарқшиносии АИ СССР, доктори илми филология, профессор

Ба андешаи ман, муболиға намешавад, агар бигӯям вусъати хиради давлатии Бобоҷон Ғафуров ва ҷасорати вай на танҳо маҳсули ҷумҳуриявӣ ва тоҷикӣ дошт, балки он умумидавлатӣ ва умумииттифоқӣ буд.

Мао Сзе Дун

Ман аз сӯҳбат бо директори Институти шарқшиносии СССР Бобоҷон Ғафуров хеле шоду мамнун гардидам ва аён шуд, ки ӯ на ин ки олим,  балки сиёсатмадори нуктасанҷ аст.

Ричард Фрай, таърихнигори амрикоӣ

Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари руси доир ба  мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст. 
Сафӣ Ҳайдари Дониш

Соли 1975 ба ифтихори сафари Бобоҷон Ғафуров ба Покистон шоир ва олими ин кишвар  Сафӣ Ҳайдари Дониш  таҳти унвони  «таронаи истиқбол шеъре иншо намуд, ки  чанд сатре аз он чунин садо медиҳад:

Хушо бахте, ки як меҳмони волошон меомад,

Зи ҳар ҷониб садо омад, ки Бобоҷон меомад.

Надими бебаҳо Бобо, муҳаббатро зиё Бобо,

Ҷамоли дилкушо  Бобо, камоли ҷонфизо Бобо,

Назарро равшанӣ Бобо, насими дӯстӣ Бобо. 

Ш. К. Гуҷарал, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятии Ҳиндустон, сафири Ҳиндустон дар СССР

Бобоҷон Ғафуров  дар хотири ҳиндуҳо ҳамчун дӯсти азизи Ҳиндустон, инсон ва олими бузург абадӣ боқӣ мемонад, зеро ки худи ӯ ҳамаҷониба, бомаърифат, зиёии ҳақиқӣ ва одами тамоман меҳрубони ғамхор буд.

                                                  * * *

Дӯсти бузурги Ҳиндустон, инсони бузург бо тамоми чунин сифатҳояшу хислатҳояш Бобоҷон Ғафуров   дар қалби ҳиндустониён боқӣ хоҳад монд.   Бобоҷон Ғафуров   дар Ҳиндустон бисёр маъруф аст, ӯ зиндагии халқи моро амиқ медонист ва ба хубӣ воқифу огоҳ буд ва аксари мардуми Ҳинд аз марги нобаҳангоми ин инсони наҷиб, мисли ин ки аз дӯсти наздики худ маҳрум шуда бошад, сахт андӯҳгин гардиданд (Суханронӣ дар сафоратхонаи Ҳинд дар Маскав)

Б. А. Литвинский,  мудири Сектори Институти шарқшиносиии АИ Русия, академики АИ ҶТ доктори илмҳои таърих, Ходими хизматнишондодаи илми ҶТ

Рӯзе мо ҳамроҳи Бобоҷон Ғафуров   дар утоқи кори ӯ нишаста, масъалаҳои ҷориро муҳокима менамудем. Он кас ба наздикӣ аз сафари хидматӣ аз Арабистони Саудӣ баргаштабуд. Ногоҳ занги телефонии  дастгоҳи давлатӣ баланд шуд. Бобоҷон Ғафуров   гӯшаки телефонро барошт, аз ҳаракату чеҳрааш маълум буд, ки бо ягон каси масъул сӯҳбат мекунад. баъдан маълум шуд, ки  узви Бюрои сиёсии КМ КПСС Раиси КГБ-и СССР Ю. В. Адропов (баъдан Котиби Генералии КМ КПСС, Раиси Президиуми  Шӯрои Олии СССР) занг зада, чунин гуфтааст: «Бобоҷон Ғафурович! Бо супориши Бюрои сиёсии КМ КПСС ман мехоҳам ба шуо миннатдории роҳбарияти кишварро барои фаъолияти самарабахш дар Арабистони Саудӣ бирасонам».

Пас аз хатми гуфтугӯ Бобоҷон Ғафуров андаке андеша карда, якбора хандиду гуфт: «Фикр кардам, ки маро мазаммат мекунанд, ҳатто тарсидам, ки аз ҳизб хориҷ мекунанд барои он рафтори ман, маълум мешавад, ки не, ман дуруст рафтор кардаам.

Асли корро муфассал нақл кард, ӯ чӣ гуна маросими ҳаҷро анҷом дода, ҳоҷӣ шуд.

Бо супориши роҳбарияти кишвар ӯ дар сафари хидматӣ  бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ ва амалӣ дар Арабистони Саудӣ буд. Ҳангоми сафар ӯро шоҳи Арабистони Саудӣ пазируфт ва худи шоҳ шахсан ба Бобоҷон Ғафуров   пешниҳод кард, ки ҳамчун намояндаи Шарқ маросими ҳаҷро ба ҷо оварад. Албатта, Бобоҷон Ғафуров   наметавонист ба шахси худи шоҳ ҷавоби рад диҳад ва аз ин мавриди мусоид истифода кард. Ҳамин тариқ, академики шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров   ҳоҷӣ шуд.

Бешубҳа, мувофиқи қоидаҳои онвақта ин амали Бобоҷон Ғафуров   бисёр ҷасурона ва ғайриодӣ буд ва метавонист ин амал барояш гарон афтад.

Бобоҷон Ғафуров  хирадманд, сиёсатмадори нозукбин, донандаи бзурги Шарқ буд ва дар  зинаҳои олимақоми роҳбарияти мамлакат дар хусуси масоили Шарқ эътибори калон дошт ва ба маслиҳатҳои ӯ ҳамеша гӯш медоданд.

Ганковский Ю. В. олими шарқшинос

 Бобоҷон Ғафуров   ба шогирдони сершумори худ на фақат таҷриба ва дониши амиқ, балки сифатҳои неки шахсии худ – хоксорӣ меҳнатдӯстӣ, устуворӣ, садоқат ба кор, муносибати меҳрубонона ба одамонро низ ёд медод. 

Чингиз Айтматов, нависандаи қирғиз

Бобоҷон Ғафуров  бузургтарин симоҳои илмии ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯҳои доманадор,бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзӯҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш – тоҷиконро дар  сафҳаи таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ӯ ( дар давраи интернатсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби «Тоҷикон», бешак қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мекунад.

Ҷалолиддини Сиддиқӣ, профессор, устоди Донишгоҳи Кобул

Китоби «Тоҷикон» дарвоқеъ, асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст ва фарози нишебиҳои ин  халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бодиққати олимона баён доштааст. 


                                                                       ***

10 декабри соли 1998 дар пойтахти кишвари Русия шаҳри Маскав дар маҷлисгоҳи шӯрои илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ба истиқболи 90-солагии академик бобоҷон Ғафуров маҷлиси ботантанаи Шӯқрои илмӣ сурат гирифт, ки он аз ҷониби Инстиути шарқшиносӣ Шӯъбаи таърих ва Шӯъбаи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Русия ташкил шуда буд.

Дар ҷаласа олимону шарқшиносони шинохтаи Русия. ки солиёни зиёд бо олими шинохтаи ҷаҳонӣ, ходими сиёсию давалатӣ, арбоби ҷамъиятӣ паҳлӯ ба паҳлӯ кору фаъолият кардаанд намояндагони раҳбарияти АИ ҶТ, ҷамоаи илмию фарҳангии ҶТ, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав иштирок доштанд. Раёсати ҷаласаро директории Инстиутти шарқшиносии АИ Русия, ҳиндшиноси маъруф, доктори илмҳои таърих Р. Б. Рибаков бар ӯҳда дошт.

Дар ҷамъомад дар хусуси саҳми Бобоҷон Ғафуров барои инкишофи илми шарқшиносӣ ва бахусус фаъолияти инстиути шарқшиносии АИ Русия, ки муддати 20 сол сарварии онро ба ӯҳда дошт, суханҳои ҷолиби шоиставу боиста гуфта шуданд.

28-29 июли соли 1999 дар шаҳри Деҳлии нав (Ҳиндустон) дар Қасри парлумон бо иштироки Институти илмҳои осиёии ба номи  мавлоно Абулалом Озод  конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 90-солагии зодрӯзи олими намоён ва сиёсатмадори барҷастаи тоҷик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Конференсия таҳти дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҳиндустон ташкил ёфт ва бо суханони муқаддимавии Сарвазир ҷаноби Атал Биҳар Ваҷпай ифтитоҳ гардид. Вазири иттитфоқии Ҳинд оид ба тараққиёти захираҳои инсонӣ, профессор Мурли Маноҳар Ҷоши садри маҷлис буд. Ҳамчунин яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Ҳиндустон Вазири аъзами иёлоти Ҷамму ва Кашмир доктор Фаруқ Абдуллоҳ дар ин конференсия ширкат варзид.

Раиси комиссияи  гранти донишгоҳҳо доктор Ҳари Гаутам намоишгоҳи осори Бобоҷон Ғафуровро оғоз кард.

Дар конференсия олимону мутахассисон аз Русия, Олмон, Ҳиндустон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (Ӯ. Мирсаидов, А. Мухторов, У. Ғаффоров)  ширкат дошта, доир ба паҳлӯҳои фаъоляти серҷабҳаи Б. Ғафуров ибрози ақида намуданд. 



Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии Созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои мӯътабари дохилӣ ва хориҷӣ интихоб шуда буд. Ӯ дорандаи  мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ низ буд, аз он ҷумла:

Соли 1961 дар кишвари Гвинея ҳангоми Конгресси байналмилалӣ Раиси Фонди якдилии Осиё ва Африқо интихоб шуд.

Соли 1966 узви Кумитаи доимии Кунгураи байналхалқии эроншиносон (Эрон) интихоб гардид (соли таъсис 1966).

Соли 1967 узви фахрии Ҷамъияти шарқшиносони Полша интихоб шуд (соли таъсис 1922).

Соли 1968 узви Шӯрои ҳиндӣ доир ба робитаҳои фарҳангӣ (соли таъсис 1950, Деҳлӣ).

Соли 1968 ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мушарраф гардид.

Соли 1969  узви Шӯрои миллии Ҳиндустон оид ба равобити фарангӣ интихоб шуд.

Соли 1970 ба унвони ифтихории доктори илми Донишгоҳи мусулмонони Донишгоҳи Алигарҳ (Ҳиндустон) сарфароз гардид (Донишгоҳ соли 1918 таъсис ёфтааст).

Соли 1971 узви ифтихории Ҷамъияти Порис-Осиё интихоб шуд (Фаронса,  соли таъсис 1822).

Соли 1972 Раиси Кумитаи Шӯравӣ оид ба супоридани ҷоизаи байналхалқӣ ба номи Фирдавсӣ (соли таъсис 1972).

Соли 1972 узви ифтихории Кумитаи байналхалқии  нашри осори бахшида ба таърихи кишварҳои Халиҷи Форс (Эрон).

Соли 1972  бо медали 50-солагии  Инқилоби Халқии Муғулистон мукофотонида шуд.

Соли 1973 Раиси кумитаи миллии шӯравии асоосиатсияи илмии Уқёнуси Ором интихоб шуд (соли таъсис 1973).

Соли 1973 президенти Ассосиатсияи байналхалқӣ оид ба омӯзиши фарҳанги Осиёи Марказии назди ЮНЕСКО интихоб шуд.

Соли 1973 узви ифтихории Академияи илм ва фарҳанги Босния ва Гертсеговина  интихоб шуд (Югославия, соли таъсис 1966).

Соли 1974 унвони ифтихории доктори илмҳои Донишгоҳи Теҳронро гирифт (Эрон, соли таъсис 1934).

Соли 1974 узви фахрии Ҷамъияти Осиё дар Калкутта интихоб шуд (, Ҳиндустон, соли таъсис 1784).

Соли 1975 бо нишони Парчами  Сурхи Меҳнати Ҷумҳурии Халқии Муғулистон мукофотонида шуд.

Соли 1975 узви ифтихории Ҷамъияти шарқшиносон ба номи Чома де Кёрёши назди Академияи илмҳои Венгрия интихоб шуд.

Соли 1976 бо нишони тиллоии Шӯрои умумиҷаҳонии Сулҳ тақдир карда шуд.

 Бобоҷон Ғафуров – олим, таърихнигор ва рӯзноманигор

Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки  номи онҳо дар ҳеч давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд.

Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарваронаи худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳар як марҳалаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаро ба арсаи ҷаҳон овардааст. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсату таърих, адабиёту санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд.

Асри ХХ аз чунин бузургон холӣ набуд. Аз ҷумлаи онҳо фарзанди фарзонаи миллат. ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ӯ тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ба манзури ҷаҳонёин гардонидани он сарф кардааст.Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла шарқшиносӣ буда, барҳақ, яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба шумор меравад.

Дар тамоми фаъолияти сиёсӣ, давлатӣ ва илмии ин марди наҷиб рӯҳияи арзишҳои умумибашарӣ афзалият дошта, оштинопазирӣ нисбат ба ҳар гунну зуҳуроти миллатгароӣ, ақоиди шовинистӣ, ҷудоиандозӣ хоси кору амали  ӯ буд. Ӯ дар баробари фаъолияти ҳизбию давлатӣ корҳои илмии хешро пеш мебурд ,омӯзиш ва тадқиқоти таърихи халқи тоҷик ва кишварҳои Шарқро пайваста идома медод. Ҳамин фаъолияти илмӣ ва таваҷҷӯхи Бобоҷон Ғафуровро ба назар гирифта. соли 1956 ӯро ба вазифаи директории Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин мекунанд.  Аз ҳамин давра дар рӯзгори ӯ марҳалаи нав оғоз мегардад.

Олим фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва созмондиҳии худро комилан ба инкишофи илми шарқшиносӣ равона месозад.  Дар мақоми сарвариаш дар Инстиутит шарқшиносӣ қобилият ва истеъдоди Бобоҷон Ғафуров чун арбоби мумтози илм баръало зоҳир мегардад. Дар баробари он ки  Институти шарқшиносӣ ба яке аз марказҳои бузурги тадқиқотии  таъриху тамаддуни Машриқзамин табдил ёфт,  бо дастгирии бевоситаи ӯ дар бисёр собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон институтҳои шарқшиноӣ таъсис дода шуданд. Хизмати ин олими забардаст инчунин дар интишори силсилаи осори хаттии  халқҳои Шарқ басо бузург буда, бо ташаббуси ӯ аз хазинаи осори классикӣ беҳтарин офаридаҳои олимону шоирон ва нависандагони Шарқи қадим ва асрҳои миёна дастараси ҷаҳониён гаштанд.

Фаъолияти илмӣ ва созмондиҳандагии академик Бобоҷон Ғафуров нишон медиҳад, ки ӯ дар роҳиба ҳам наздику ошно гардондани тамаддунҳои Шарқу Ғарб саҳми арзанду гузоштааст.Ӯ солҳои 1957-1966 дар кори таҳия ва нашр намудани асноди муҳимми ЮНЕСКО, чун Раиси Кумитаи шӯравии «Шарқу Ғарб» фаъолона ширкат варзида, дар мавзӯи «Омӯзиши тамаддунҳои Осиёи Марказӣ» лоиҳаи муҳиммеро ба ин созмони бонуфуз пешниҳод кардааст.  Вай минбаъд ҳамчун Президенти Ассосиатсияи байналмилалӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар қабул ва татбиқи ин лоиҳа саҳми бузург гузоштааст.

Конфронсҳои байналмилалии ЮНЕСКО оид ба таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар замони Кушониён, оид ба таърихи интишори афкори ҷамъиятӣ дар Осиёи Марказӣ, оид ба мутобиқсозии бостоншщиносӣ ва амсоли ин, ки бо ташаббус ва ширкати фаъолонаи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳрҳои Душанбе, Деҳлӣ, Кобул баргузор шуда буданд, дар омӯзишу тарғиба фарҳанги ғании ин сарзамин иқдоми ҷиддӣ ва муассир гардиданд. Бобоҷон Ғафуров дар тахқӣқи равобити илмию фарҳангӣ бо Эрон, хусусан дар соҳаи таъриху фарҳанги форсизабонон саъю кӯшиши зиёд намудааст. Ин олими шинохта ва сиёсатмадори маъруф дар мубориза баҳри пойдории сулҳ дар сайёра низ саҳми бузург дорад.  Ӯ ҳамчун муовини Раиси Кумитаи шӯравии ҳамбастагӣ бо мамолики Осиё ва Африқо, узви Кумитаи Шӯравии муҳофизати сулҳ ва комиссияи Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО донишу нерӯ ва истеъдоди худро ба таҳкими дӯстии халқҳои сайёра сарф кардааст.

Бобоҷон Ғафуров ҳарчанд аз соли 1956 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, лаҳзае аз ёди Тоҷикистон ғофил набуд. ба пешрафту тараққимёти ҷумҳурӣ, ба хусус инкишофи илму  маърифат ва фарҳанги он  мунтазам мароқ зоҳир мекард.

Бо дастгирии ӯ дар давоми ин солҳо бисёр ҷавонони тоҷик дар  марказҳои калони илмии  Иттиҳоди Шӯравӣ рисолаҳои илмӣ дифо намуда, иқтидори ҷумҳуриро афзун намудаанд. Саҳми олим дар тарбияи мутахассисони ҷавони ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Миёна ва Қафқоз низ хеле бузург аст.

Бо пешниҳод ва иштироку роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров аз нимаи дуюми солҳои 50 омодасозӣ ва нашри осори  бисёрҷилдаи «таърихи халқи тоҷик» оғоз шуд, ки он солҳои 1963-1965 дар  3 ҷилд дар Маскав ба нашр расид. Интишори ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик густариш ёфт.

Бо вуҷуди ин ки Бобоҷон Ғафуров вазифаҳои масъули давлатиро ба дӯш дошт, инкишофи илму фарҳанги ҷумҳуриро шахсан зери назорати худ қарор дода буд, ҳамзамон тадқиқотҳои илмии хешро пайваста идома медод. Вусъати дониш,  таҷрибаи фаровони тадқиқоти илмӣ, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти назариявию сиёсии масъалаҳо ба ӯ имкон доданд, ки  барио амалӣ кардани орзуи деринаи худ – офаридани «Таърихи халқи тоҷик» шурӯъ намояд.  Соли 1977 китоби ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони тоҷикӣ нашр гардид.

Ин асар аввалин тадқиқоти комил ва ҷамъбастӣ ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам – тоҷикон аст. Аҳамияти дигари асар аз  он иборат аст, ки  вай таърихи на танҳо тоҷикони ҷумҳурӣ, балки таърихи тамоми тоҷикони дунёро дар бар гирифтааст.

Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар ва асарҳои минбаъда ба оламиён исбот намудани он нукта буд, ки  тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқии ин марзу бум будаанд ва ҳастанд.

Дар он давраҳое, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд. Аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши  мавзӯи тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд. Ин асар шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торики фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро такмил дод ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳ бахшид.

Нашри ин асар, чунонки хотаррасон шуд, ҳамон давра аз ҷасорату матонату ватанпарварии олим шаҳодат медорд. Ин асар аз тарафи шарқшиносони ҷаҳон баҳои баланд гирифта барои тадқиқоти минбаъда ва ба вуҷуд омадани таърихи бисёрҷилдаи халқи тоҷик замина гузошт.

Воқеан, яке аз дастовардҳои пуразиши олим, ки номи ӯро абадан дар радифи алломаҳои бузуги миллати тоҷик ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки соли 1972 дар Маскав ба табъ расид.

Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид.

Китоби «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи Бобоҷон Ғафуров аст, аз ҷумлаи тадқиқоти  бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Роҳи тайкардаи «Тоҷикон» барои муаллифи он осон набуд, ки мо дар хотираҳои шогирдон. ҳамсафон ва ҳамкорони Бобоҷон Ғафуров дар мавқеи алоҳида  ба хубӣ дарк хоҳем кард. Ӯ дар ин роҳ даҳсолаҳо заҳмат кашида, дар дилу дидаи халқи азизаш маъво гирифтааст.

Шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» меҳрномаи муаллиф ба халқи азизаш аст.

Бобоҷон Ғафуров дар таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқҳои эронинажод мақоми хоса дорад. Ҷавҳари офаридаҳои ӯ дар китоби «Тоҷикон» ҷой гирифтааст. дар ин асари мукаммали илмӣ мавқеъи тоҷикон дар таърих ва тамаддуни башар. мақоми забони форсӣ-тоҷикӣ дар байни забонҳои ҷаҳон, махсусан забонҳои эронӣ бо самимияти бузург сухан рафтааст.

Бобоҷон Ғафуров забони форсии дариро забони модарии ҳамаи форсигӯёни Эронзамин медонад. Ӯ аз вусъат ва нуфузи забони форсӣ сухан ронда, барҳақ навиштааст: «Таъсир ва шӯҳрати  адабиёти хаттии форсӣ дар асрҳои миёна чунон бузург буд, ки  вай на танҳо дар кишварҳое, ки забони форсӣ барои аҳолии онҳо забони модарӣ ҳисоб мешуд (Моовароуннаҳр, Хуросон, Эрони ғарбӣ. балки дар кишварҳои берун аз ҳудуди онҳо – Озарбойҷон, Осиёи Хурд. Курдистон, Афғонистон, Ҳиндустони шимолӣ, Туркистони шарқӣ низ эҷод мешуд».

Қудрату тавон  ва парвози ин забон ба рӯи олам, умри ҷовид  дарёфтани он пеш аз ҳама  ба решаҳои амиқу устувори таърихию аҷдодӣ  вобаста аст. Ин муҳити созгори забонӣ маҳз дар аҳди Сомониён муҳайё гардидааст, ки онро академик Бобоҷон Ғафуров бо камоли рағбат дар саҳифаҳои таърихи тоҷикон бо хатти заррин сабт намудааст.

Китоби «Мухтасари халқи тоҷик» ба забони русӣ тарҷума  ва дар шаҳри Маскав се бор нашр гардидааст (1942, 1952, 1955). Дертар он дар 3 ҷилду 5 китоб (1963-1965), ки Институти таърих ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон ба чоп тайёр карда буд, яке аз муҳаррирони масъули он Бобоҷон Ғафуров буд.

Дар соли 1972 монографияи монументалии  Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон, таърихи қадимтарин, қадим» ба табъ расид. Ин асари ӯ ба забонҳои  зиёди олам, аз ҷумла японӣ, полякӣ ртарҷума ва нашр гардидааст, ҳамчунин дар Эрону Афғонистон ба табъ расидааст.  Ин асар аз тарафи махруфтарин мутахассисони тамаддуни Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид.

Дар соли 1985 дар интишороти «Улуми иҷтимоии ҶХЧ дар Пекин китоби Бобоҷон Ғафуров «Таърихи халқи тоҷик» ба табъ расид. Нусхаи ин китоб бо соядасти профессори Донишгоҳи Пекин Ли Сэн ба президенти ҳамонвақтаи АИ Тоҷикистон М. Осимӣ тақдим гардид.

Да соли 1988 «Таърихи халқи тоҷик» дубора дар Чин - дар Кошғар ба забони уйғурӣ ва бо ҳуруфоти арабӣ интишор шуд.

Бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров асари мусиқии халқи тоҷик «Шашмақом» ба нота гирифта, нашр гардид.

Ӯ чун муаллифи «Шашмақом» ва қадршиноси нуктасанҷу борикбини он барои омӯзиши таърих ва таблиғи он таваҷҷӯҳи калон зоҳир намудааст. Вай  борҳо таъкид менамуд, ки  ниёгонамон маҳсули гаронбаҳои мусиқиро ба мисли «Шашмақом» мерос гузоштаанд ва онро мо чун гавҳараки чашм ҳифз бояд намоем. «Шашмақом» дурдонаи  беназирест, ки аз қаъри асрҳои куҳан то ба рӯзгори мо расидааст.

Тадқиқоти олими барҷаста асосан дар се самт: омӯзиши таърих ва вазъияти муосири ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқҳои Шарқ, сиёсати миллии собиқ Шӯравӣ, таърихи халқҳои Шарқ ва пеш аз ҳама давраҳои қадим ва  асримиёнагии он ҷараён ёфтааст. Ӯ дар он солҳо чандин мақола, маҷмӯаҳо, дастуру ҳуҷҷатҳое интишор намудааст, ки ба масъалаи инқирози системаи истеъмории импераилизм ва ташаккуули давлатҳои ҷавони соҳибистиқлоли Осиё ва Африқо бахшида шудаанд.

Пас аз се соли фавти Бобоҷон Ғафуров китоби басе ҷолибе бо номи «Искаланри Мақдунӣ ва Шарқ» аз чоп баромад. Ин тадқиқоти пурарзишро, ки охирин таълифоти  илмии муҳаққитқ буд, Б. Ғафуров бо ҳамқаламии таърихшиноси Юнон Д. И. Тсибукидис ба анҷом расондааст.

Дар ин асар як қатор мавзӯъҳои муҳимтарин, аз қабили моҳияти сиёсати истилогарони Искандари Мақдунӣ ва оқибатҳои он, рӯбарӯшавӣ, ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи иқтисодӣ ва иҷтимотёту маънавиёти Ғарбу Шарқ мақоми махсус доданд. Ҳангоми мутолаи асар манзараи доманадори  таърих пеши назар мерасад ва сабабҳои иҷтимоию иқтисодие, ки Юнону Мақдуниҳоро ба кишваркушоӣ ба сӯи Шарқ барангехт ва лаҳзаи асосии амалиётҳои шарқии Искандар чун таҳқиқоти пурмӯҳтаво шоёни таҳсин аст.

Масъалаҳое, ки дар рисола мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд барио омӯхтани  бисёр лаҳзаҳои таърих халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон , ки дар сарзамиони онҳо амалиёти бузурги Искардари мақдунӣ ба вуқӯ пайвастааст,  аҳамияти калон дорад. Китоби мазкур соли 1982 дар Юнон (Афина) ба забони юнонӣ ба сифати баланд нашр шуаддаст.

Таърихи башар шахсиятҳое меофарад, ки  на танҳо  асрори ин ё он илмро фаро мегиранд, балки марзҳои онро фаррох ва хазинаи онро  ғанӣ мегардонанд. Б. Ғафуров аз зумраи ҳамин шахсиятҳо буда, дар радифи намиоёнтарин олимони ҷаҳон қарор дорад ва барои рушди илми шарқшиносии ҷаҳонӣ  ва таърихи Шарқ хизматҳои сазовор кардааст.

Дар давоми умри бобаракати хеш Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 мақола, рисола, асарҳои илмӣ-интиқодӣ ва таъхрихиро ба мерос гузаоштааст, ки ба проблемаҳои актуалии ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Шарқ, тараққиёти таърихию фарҳангии шарқ, сохтмони ҳаёти навин дар Шарқи шӯравӣ, бахусус диёри азизи ӯ –Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Б. Ғафуров дар бисёр вохӯриҳои бузурги байналхалқии олимон намояндаи шоистаи шарқшиносии шӯравӣ буд. Ӯ ҳайати вакилони  шӯравиро дар Кунгураҳои байналхалқии  шақшиносон, аз ҷумла Кунгураи ХХIV(Мюнхен) то Кунгураи ХХХ (Мехико, 1976) ва  бисёр дигар симпозиумҳо, семинарҳо ва конфронсҳои ҷаҳонӣ сарварӣ кардааст.

Моҳи сентябри соли 1957 ӯ ҳайати вакилони шӯравиро дар Кунгураи ХХIV байналхалқии шарқшиносон сарварӣ мекард ва бо маърӯзаи «Роҷеъ ба сабабҳои инкишоф ва  инқирози Сомониён» суханронӣ намуд.

 Соли 1960 дар таърихи шарқшиносии шӯравӣ мавқеи хоса дорад. Дар Маскав баргузоргаштани Кунгураи ХХV байналхалқии шарқшиносон барои ховаршиносони шӯравӣ ва ҷаҳонӣ аҳмияти бузург дошта, дар инкишофи илми шарқшиносии муосир нақши муҳимме бозид. Пас аз 84 соли Кунгураи III, ки дар Петербург баргузор шуда буд,  боз  дар  Маскав кугнугари ховаршиносон ҷамъ омад.

Дар оғози кори Кунгура Бобоҷон Ғафуров бо нутқи муфассале баромад намуда, дар бораи баъзе хусусиятҳои Кунгураи Маскав сухан ронд. Дар ин кунгура  ду хазор донишмандон, намояндагони беш аз 60 кишвари дунё, аз ҷумла зиёда аз 20 кишварҳои мустақили Осиё ва Африқо ширкат варзиданд (9 августи соли 1960).

Моҳи январи соли 1964 дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ Кунгураи ХХVI байналмилалии  шарқшиносон баргузор гашт. Ҳайати шарқшиносони кишварро Б. Ғафуров ва Е. М. Жуков сарварӣ менамуданд. Дар оғози кори  Кунгура Б. Ғафуров баёнияи муфасале эрод намуд. иштирокчиёни Кунгураро сарвазири Ҳинд Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ пазироӣ намуд.

Дар ин Кунгура Бобоҷон Ғафуров бо ду маърӯза: «Равобити таърихии Осмиёи Миёна  бо мамолики Шарқи Араб» ва «Хусусияти инқилоби фарҳангӣ  дар Осиёи Миёнаи Шӯравӣ» баромад намуд.

Соли 1973 ӯ роҳбарии ҳайати вакилони шӯравиро дар кунгураи ХХ1Х байналмилалии шарқшиносон, ки дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис баргузор гашта будю. бар ӯҳда дошт. Дар кунгура Бобоҷон Ғафуров доир ба масъалаи ниҳоят мураккабу печида – пайдоиши ориёиён маърӯза намуд. Гузоришоти ӯ ба унвони «Баъзе масъалаҳои пайоиш ва таърихи қадимтарини ориёиён» дар асоси масъалаҳои навтарини бостоншиносӣ, этнографӣ ва забоншиносӣ таълиф гардида, дар он мавзӯи аз ҷиҳати илмӣ, сиёсӣ фавқулода муҳимми ба таърихи Осиёи Миёна. Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон алоқаманд инъикос ёфта буд.

Соли 1976 Бобоҷон Ғафуров дар Кунгураи  байналхалқии эроншиносон дар Мюнхен роҷеъ ба равобити Осиёи Миёна ва Эрон дар асоси бозёфтҳои нави бостоншиносӣ ва худи ҳамон сол дар Кунгураи ХХХ байналхалқии шарқшиносон оид ба равобити таърихии фарҳангии Ғарб ва Шарқ маърӯза кард.

Дар фаъолияти  байналхалқии илмии Бобоҷон Ғафуров таҳкими равобити берунии Инстиути шарқшиносӣ, муқаррар сохтани равобитҳои наздик миёни Институт ва комиссионҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оиб ба масоили маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО иштирок ва ҷидду ҷаҳди ин донишманди маъруф ва ташкилотчии моҳир дар кори комиссиони мазкур мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Ин ҳамкорӣ барои амиқ таҳқиқ намудани таърихи гузашта ва ҳозираи халқҳои Осиё ва Африқо ва инкишофи шарқшиносӣ мусоидат намуд.

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун Президенти Ассосиатсияи байналхалқӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар кори бомуваффақият иҷро гардидани  лоиҳаи ЮНЕСКО «Шарқу Ғарб» ва «Омӯхтани тамаддунҳои Осиёи Марказӣ» саҳми бузург гузоштааст.  Ӯ  дар аксарияти конфронсҳои байналхалқии ЮНЕСКО – Конфронси байналхалқӣ оид ба  бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Миёна дар замони Кушон (Душанбе, 1968), Конфронси байналхалқӣ оид ба таърихи афкори ҷамъиятӣ ар Осиёи Марказӣ (Деҳлӣ, 1969), Симпозиуми байналхалқӣ оид ба  санъати замони темуриён (Самарқанд, 1969), Конфронси байналхалқӣ оид ба  мутобиқсозии  тадқиқотҳои бостоншиносӣ (Кобул,  1970), семинарии байналхалқӣ оид ба  таърихи инкишофи илм бар кишварҳои Осиёи Марказӣ (Исломобод, 1967) ва ғайра ширкат варзида, нақши фаромӯшношуданӣ гузоштааст ва бо фаъолияти худ баҳри амалӣ гаштани қарорҳои онҳо кӯмак намудааст.

Б.Ғафуров бо як шавқу рағбати самимӣ лоиҳаи асосии ЮНЕСКО «Эътирофи тарафайни сарватҳои фарҳангии Шарқ-Ғарб» (ихтисоран лоиҳаи «Шарқ-Ғарб)-ро, ки дар доираи фаъолияти ЮНЕСКО дар соҳаи фарҳанг аз соли 1957 то соли 1967 ба  амал  бароварда мешуд, тарафдорӣ намуд.

Моҳи январи соли 1960 Бобоҷон Ғафуров ҳайати вакилони шӯравиро дар конфронси минтақавии кишварҳои Осиё, ки аъзои ЮНЕСКО буданд,  сарварӣ менамуд.  Ин конфронс дар кишвари Филиппин шаҳри Макили баргузор шуд.

Соли 1962 ӯ дар Конфронси байналхалқии муаррихон дар шаҳри Даккаи Покистон ширкат дошт. Бобоҷон Ғафуров дар ин конфронс бо маърӯзаи «роҷеъ ба равобити фарҳангии мардуми Осиёи Миёна бо мардуми Покистон дар қаррни XVII» баромад кард.

Авохири соли 1962 Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати донишмандони шӯравӣ ба Ироқ барои иштирок дар ҷашни 1200-умин солгарди бунёди Бағдод ва 1100 солагии шоир ва файласуфи араб ал-Кандӣ ташриф овард. Дар ҷаласаи илмӣ бахшида ба ҷашн ӯ зери унвони «Аҳамият ва шақши Бағдод дар пешрафти мардуми Осиёи Миёна» маърӯза кард.

Моҳи феврали соли 1963 Бобоҷон Ғафуров ҳайати олимони Шӯравиро дар Конфронси байналхалқии  Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Женева баргузор гардид, сарварӣ менамуд ва бо маърӯзаи илмии «Инкишофи маориф  дар Осиёи Миёна» баромад намуд.

Соли 1973 дар Туркия Конфронси байналмилалии ЮНЕСКО дар мавзӯи «Истанбул дар пайвасти фарҳангҳои балканӣ осиёмиёнагӣ, славянӣ ва шарқӣ дар асрҳои XVI- XIX» барпо гардид, ки дар кори он гурӯҳи шарқшиносон бо сарварии  Б. Ғафуров ширкат доштанд.

Хидматҳои Б. Ғафуров дар риштаи рӯзноманигорӣ низ бузург аст. Шавқу рағбати ӯ нисбат ба рӯзноманигорӣ, қобилият ва истеъдоди публисистӣ ҷасорату ғайрат ва  андешарониҳои амиқи ӯ дар сафаҳоти рӯзномаҳо  пинҳон намондаанд.  Моҳи апрели соли 1930 бо тавсияи КМ Тоҷикистон ӯ барои кор ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ба забони ӯзбакӣ) фиристода шуд ва ҳамчун мудири шӯъба ва баъдан ба  ҳайси ҷонишини муҳаррир кор кард.

Соли 1931 ӯро барои таҳсил ба Маскав ба Институти умумииттифоқии  рӯзноманигорн фиристоданд. Пас аз хатми он соли 1935 ба Тоҷикистон баргашт. Б. Ғафуров аз байни тоҷикон яке аз аввалин рӯзноманигороне буд, ки  соҳиби маълумоти олии касбӣ гардида буд.

Ӯ соли 1935 ҷонишин ва соли 1936 муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» буд.

Пас аз кор ба Маскав гузаштани ӯ муддати 17 сол сармуҳарририи  маҷалаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Осиё ва Африқо имрӯз» буд ва дар саҳафоти он мақолот ҷоллиб ва пурмазмунро роҷеъ ба масоили ҷунбишҳои миллӣ ва раҳоибахши Осиё ва Африқо интишор мекард.

Бобоҷон Ғафуров нерӯю ғайрати беандозаи худро ба корҳои ҷамъиятӣ низ бедареғ сарф мекард. Ӯ узви ҳайати намояндагони  Парлумони собиқ шӯравӣ, сарвар ва узви бисёр созмонҳову муассисоти илмӣ ва ҷамъиятӣ, роҳбари  ҳайатҳои зиёди вакилни шӯравӣ дар мулоқоту машваратҳои байналхалқӣ буд. Ӯ дар Кунгураи IV ҳамбастагии кишварҳои Осиё ва Африқо, дар Конфронси 45-умини итиҳодияҳои байнипарлумонӣ  ва конфронси ҷонибдорони сулҳ ширкат варзид. Бобоҷон Ғафуров дар Конфронси сарварони кишварҳо ва ҳукуматҳои мамолики бетараф ба ҳайси мушоҳидчии Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуд.

Ӯ бо Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Ҷамол Абдулносир, Камол Ҷунбулот, Индира Ганди, доктор Зоҳир Ҳусайн, Фахриддин Алӣ, Саҷҷод Зоҳир ва бисёр сарони кишварҳои Осиё ва Африқо мулоқот намудааст.

Ба сифати муовини раиси Кумитаи шӯравии ҳамибастагӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқо ва намояндаи Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров ба кишварҳои Бирма, Алҷазоир, Тунис. Гвинея, Ҳолландия, Шветсария, Фаронса, Олмон, Югославия, Чехословакия, Арабистони Саудӣ, Филиппин, Либия, Кувайт, Туркия, Эрон, Афғонистон, Непал  ва дигар кишварҳои Осиё, Африқо, Амрико  ва Аврупо сафар кардааст. Мулоқоту баромадҳои ӯро дар ин мамолик ҳиссаи арзандае ба кори таҳкими равобити дӯстонаи халқҳо гуфтан ҷоиз аст.

Бобоҷон Ғафуров шахсияти фавқулода боистеъдод ва фаъолияти илмию эҷодиаш серсоҳа буд. Ӯ дорои маҳорат ва қобилиияти бузурги адабӣ низ буд. Ба ин мақолоти илмӣ-оммави, таърихӣ, публисистӣ, мақолоти зиёди ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳо интишоршуда  шоҳиди содиқ мебошанд.

Бобоҷон Ғафуров

Тарҷумаи ҳоли ба дасти худ навиштааш

Ман Ғуфуров Б. Ғ. 31 декабри соли 1908 дар деҳаи Исписори ноҳияи Хуҷанди вилояти Самарқанд (ҳоло  Ҷумҳурии Тоҷикистон) таваллуд шудаам.

Падарам Сангинов Ғафур, боғбони батрак буд, як муддат чун коргари роҳи оҳан адои хизмат намудааст. Соли 1935 вафот кардааст.

Модарам Розия Бойматовна Ғафурова (Розия Озод) корманди адабӣ буд. Ӯ соли 1957 вафот кардааст.

То соли 1927 ман ҳамроҳи падарам зиндагӣ мекардам, баъдтар бо сабаби вазнинии вазъияти моддии хонавода маҷбур шудам аз сини 8-солагӣ ба хизмати оилаҳои бадавлати деҳаамон кироякорӣ намоям. Ҳамзамон дар мактаби деҳаи Исписор таҳсил намудам.

Аз соли 1922 то соли 1924 дар хонаи бачагони деҳаи Қистакӯз зиндагӣ ва таҳсил намудам.

Дар соли 1926 ба кумитаи ноҳиявии комсомол ба сифати мудири бюрои бачагон ба кор пешбарӣ намуданд ва дар айни замон таҳсили худро дар мактаби роҳи оҳани назди истгоҳи Хуҷанд идома медодам.

Дар охири соли 1928 маро ба шаҳри Самарқанд барои омӯзиш ба курсҳои олии ҳуқуқшиносӣ роҳхат доданд, пас аз хатми он маро ба шаҳри Сталинобод ба ихтиёри КМ ПК (б) Тоҷикистон фиристоданд. Дар оғоз ман дар Вазорати адлия ба сифати ёвари вазир, сипас мудири шӯъба, баъд аз он муовини  мудири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Сурх» таъйин шудам. Дар идораи ин рӯзнома аз моҳи апрели соли 1930 то  моҳи июни соли 1931 кор намудам. Дар соли 1931 барои таҳсил ба шаҳри Маскав ба Институти умумииттифоқии рӯзноманигорӣ фиристода шудам ва онро дар оғози соли 1935 хатм намудам, аз моҳи феврали соли 1935 то соли 1936 ба сифати муовин ва муҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони сурх» ифои вазифа намудам. Дар соли 1936 ба вазифаи инструктори КМ ПК (б) Тоҷикистон таъйин гардидам.

Дар моҳи ноябри соли 1937 ба вазифаи мудири шӯъбаи матбуоти КМ ПК (б) Тоҷикистон таъйин шудам, пас аз якҷояшавии шӯъбаҳои матбуот ба шӯъбаи таблиғу ташвиқи КМ ПК (б) Тоҷикистон аз соли 1939 то 1. 09. 1940 ҳамчун муовини мудири шӯъбаи таблиғоти КМ ва мудири сектори маданӣ-равшаннамоӣ иҷрои вазифа кардам. Аз 1. 09. 1940 то моҳи арели соли 1941 аспиранти Институти таърихи АИ СССР будам. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ доир ба таърихи ислом дар соли 1941 котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон оид ба таблиғу ташвиқ интихоб шудам.

 Дар соли 1944 котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистон ва дар моҳи феврали соли 1946 котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон интихоб гардидам. Дар ин вазифа то моҳи майи соли 1956 бе танаффус адои хидмат намудам.

Дар баробари фаъолияти ҳизбӣан ҳамзамон корҳои илмӣ-омӯзгориро пеш мебурдам.

Аз соли 1936 то соли 1938 дар Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омӯзгори иқтисоди сиёсӣ будам. Аз соли 1939 то соли 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод таърихи халқҳои СССр таълим додам. Аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори  таърихи Инстиути таърих, забон ва адабиёти шӯъбаи тоҷикистонии АИ СССР будам.

Аз соли 1942 то  соли 1954 роҳбари гурӯҳи аспирантҳои таърихи халқҳои Осиёи Миёна будам. Дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидам. Дар соли 1958 аъзо-корреспонденти АИ СССР интихоб шудам.

Ман беш аз 100 кори илмии бахшида ба таърихи ислом таърихи халқҳои Осиёи Миёна, таърихи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африқо ва фарҳанги халқҳои Шарқ ба табъ расонидаам.

Дар соли 1951 ман рисолаи докториро доир ба таърихи халқи тоҷик аз давраҳои қадимтарин то инқилоби Октябр ҳимоя намудам.

Аз соли 1938 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз соли 1946 то соли 1962 депутати Шӯрои олии СССР интихоб гардидаам.

Дар соли 1966 дубора депутати Шӯрои Олии СССР интихоб шудам.

Дар анҷуманҳои Х1Х ва ХХ КПСС аъзои  КМ КПСС интихоб гардидаам.

Бо 6 ордени Ленин мукофотонида шудаам.

Фаъолияти ҷамъиятиро анҷом медиҳам – муовини Раиси Кумитаи шӯравии якдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқо, Раиси Кумитаи якдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо, ҳамчунин  Раиси Кумитаи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказии назди Комиссияи миллии шӯравии ЮНЕСКО мебошам.

15 сентябри соли 1962

 (Фонди бойгонии Осорхонаи ҷумҳурияваии академик Б. Ғ. Ғафуров)
Розия Озод - шоираи тоҷик, модари академик Бобоҷон Ғафуров

                    Зиндагиномаи Бобоҷон Ғафурович Ғафуров 

Бобоҷон Ғафуров зодаи деҳаи Испидори Хуҷанд аст Номи бобои Бобоҷон Сангинбой буд. Ӯ чор писар дошт: Умар, Маъшариф, Ғафур ва Абдулло. Касбу кори онҳо асосан косибӣ буд. Онҳо дар маҳаллаи Хоҷа Камол мезистанд. Хоҳари хурдии устод Зебинисо дар хотироти худ «Ёде аз бародар» менависад: Мо аслан аз гузари Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ҳастем. Ҷониби модариам аз гузари Чоршанбеи он мебошад».

Оилаи онҳо он қадар сарватманд набуд. Дар миёни бародарон фарзанди хурдии Сангинбой Абдулло аз ҷиҳати ақл, донишу кордонӣ ва саъю кӯшиш аз дигарон фарқ мекард. Ӯ дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд дӯкони гӯшт ва як қитъа замин дошт.

Мушкилоти сахти хонаводаро  дар маҳаллаи Хоҷа Камол ба назар гирифта, Абдулло тақрибан солҳои 1906-1907 акояш Ғафурҷонро ба назди худ овард ва дара канори кулбаи худ барояш хоначае сохт ва якҷоя зиндагӣ мекарданд.

Ғафур қарор дод, ки  ба таври доимӣ дар Исписор  муқим шавад.  Дар ҳамон ҷо Ғафур ба Розия Бойматова (Розия Озод) хонадор шуд. Модари Бобоҷон аз авлоди шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ, ки дар нимаи дуюми асри ХIV умр ба сар бурдааст, мебошад.

Дар ҳамин кулба 31 декабри соли 1908 писари аввалини онҳо Бобоҷон дар деҳаи Исписори ноҳияи Хуҷанди вилояти Самарқанд (ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба дунё омад. Баъдан  бародарони дигари ӯ Мӯъминҷон ва Ҳамидҷон таваллуд шуданд. Тахминан дар солҳои 1915-1916 онҳо ба кулбаи нав кӯч бастанд, ки дар ҳамон маҳал воқеъ буд. Дар ин кулбаи нав хоҳарону бародарони Бобоҷон – Тоҷинисо, Ҳамидҷон ва Олимҷон чашм ба олам кушоданд.

Вазъи оилавии онҳо дар ин  замони ноором бо мушкилӣ мегузашт.  Падару  модараш аксар як  бурда нонро бо меҳнати сахт дар даргоҳи бойҳои деҳа ба даст меоварданд.
Бобочон Гафуров  бо хешовандонашон

Модараш Розия Озод дар тарбияи фарзандон азобҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Дар даргоҳи бойҳо деҳа хидматгорӣ намуда, бо рою тадбири оқилона ва муносибату бархурди неки худ дар миёни ҳамдеҳагон обрӯю эътибори калон дошт. Ӯ соҳиби хатту савод буд  ва натанҳо фарзандони худро таълиму тарбия медод, балки барои даҳҳо ҷавонону духтарони деҳаи худ асосҳои ахлоқии инсони меҳнатиро меомӯхт. Вай дар деҳа мактаби хонагӣ такил намуда, дар он ҳам писарону ҳам духтарон таҳсил мекарданд.
Бобочон Гафуров бо мехмонон аз Хучанд. Москва с.1968

Б. Ғафуров дар соли 1969 дар саҳифаҳои маҷаллаи «Огонёк» миннатдории фарзандонро нисбат ба модари азизи худ изҳор дошта менависад: «Дар хонаи азизи мо модарам ба ман аввалин ҳарфҳоро омӯзонд, аввалин тарбияро ман аз ӯ омӯхтам, аввалин маротиба ман аз  забони ӯ гуфтори классиконро шунидам».

Розия Озод шеъри нахустини худ «Насиҳат ба фарзанд»-ро ба  нахустфарзандаш Бобоҷон бахшидааст. Барои Бобоҷон Ғафуров насиҳатҳои модар муқаддас буданд ва ӯ ҳамеша аз рӯи он  дар кору зиндагии минбаъдаи худ амал менамуд.

То соли 1917 ӯ ҳамроҳи хонавода зиндагӣ мекард.  Баъдан ба сабаби вазнинии вазъи моддии хонавода маҷбур мешавад дар синни 8-солагӣ ба хидматгории оилаҳои бадавлати деҳаашон рафта, муздурӣ кунад.

Рӯзноманигор, хоҳари Б. Ғафуров Тоҷинисо дар хотираҳои худ чуни менигорад: «Мо дар оила 6 фарзанд будем. Бинобар ин вазифаи ғамхорӣ ва сардории оилаи калон ба ӯҳдаи фарзанди нахустин Бобоҷон гузошта шуда буд. Вақти таваллуди ман  вай 10-сола бошад ҳам, хидмати дари боёнро мекард».
Бобочон Гафуров бо оилаашон

 Ҳамзамон дар  мактаби ибтидоии Исписор таҳсил намуд.

Аз соли 1922 то соли 1924 дар Хонаи Бачагони Қистакӯз зиндагӣ ва таҳсил кардааст. Қиссаи ба он ҷо афтидани ӯ чуни наст: Бачаи бемодаре дар зери девор мехобид... Милитсионер аз рӯи дилсӯзӣ ӯро бардошта ба хонаи бачагон меорад…
Бобочон Гафуров бо  наздиконашон

…- Муаллим бачаро озод бардошта ба хона даромада ва ба рӯи як кати мулоим хобонд. Дар атрофии кати бачаи ношинос писаракону духтаракони кунҷков ҷамаъ омаданд. Писарбача пораи нонеро, ки ба ӯ дода буданд, калон-калон газида мутаҳайирона ба атрофаш менигарист.

Муаллим аз милитсионер ному насаби бачаро пурсид. Милитсионер ба ӯ гуфт:

-Аз назди роҳи оҳан ёфтам. Номашро нависед...

 Ин аст нақли мухтасари қиссаи ба Хонаи Бачагон афтидани Бобо ном писарак – ҳоло доктори илмҳои таърих. академик Бобоҷон Ғафуров.

Дар соли 1926 ӯро ба Кумитаи ноҳиявии созмони ҷавонон (комсомол) ба кор пешбарӣ намуданд ва дар айни замон таҳсили худро дар мактаби роҳи оҳани назди истгоҳи Хуҷанд идома дод.

Қобилият ва дониши ӯро ба эътибор гирифта, дар соли 1928  ба Самарқанд, ба курсҳои олии ҳуқуқшиносӣ мефиристанд. Дар он ҷо то соли 1930 таҳсил менамояд. Пас аз хатми курсҳои мазкур Бобоҷон Ғафуровро ба шаҳри Сталинобод мефиристанд. Солҳои 1930-1931 дар Комиссариати халқии адлияи ҷумҳурӣ кор мекунад, ҳамзамон бо рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» (ба забони ӯзбекӣ) ҳамкорӣ мекунад.

Бо сабаби ба кори доимӣ ба шаҳри Сталинобод рафтани Бобоҷон оилаи Ғафуровҳо маҷбур шуданд деҳаи Исписорро тарк гӯянд. Ӯ аввал падар ва бародари хурдиаш Алимҷонро ҳамроҳи худ овард. Дар ҳамин ҷо дар соли 1935 падараш аз олам даргузашт.

Соли 1931 ӯро барои таҳсил ба Институти Умумииттифоқии коммунистии рӯзноманигорӣ роҳхат медиҳанд.

Бародари хурдиаш Олимҷон Ғафуров номзади илми таърих, ҳоло  сокини шаҳри Маскав, тарҷумон.

Духтараш Нелла Ғафурова, номзади илми таърих, ҳиндшинос, сокини шаҳри Маскав.

Ҳамсараш Ғафурова Капитолина Александровна, ходими калони илмии Институти таърихи СССР.

Бобочон Гафуров соли 1947

Тавсифномае ки аз ҷониби Котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон Д. З. Протопопов ба имзо расидааст, чунин мебошад:

Рафиқ Ғафуров Бобоҷон узви ВКП (б) аз соли 1932, ,баромали иҷтимоиаш аз батракҳо, вазъи иҷтимоӣ хидматчӣ, соли таваллуд 1909, тоҷик. Дар ҳизбҳои дигар узвият надоштааст, аз ҳизб хориҷ нашудааст. Инстиути рӯзноманигориро дар шаҳри Маскав хатм кардааст.

Аз  соли 1917 то соли 1919 чун  батрак дар  хизмати кулакҳои Исписори  окруки Хуҷанд кор кардаст. Аз соли 1917 то соли 1924 дар хонаи бачагони деҳаи Қистакӯз зиндагӣ ва таҳсил кардааст.  Аз соли 1924 то соли 1926  мудири корҳои фарҳангу маърифат ва котиби созмони ҷавонони шаҳри Хуҷанд, аз соли 1929 тосоли 1930 мухбири махсуси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар шаҳри Самарқанд буд.
Донишчуйони точик дар мехмонии Бобочон Гафуров Москва. с.1970 

Аз соли 1931 то соли 1935 донишҷӯи Институти рӯзноманигории шаҳри Маскав, аз соли 1935 то соли 1036 муовини муҳаррир ва муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» дар шаҳри Сталинобод.  Азсоли 1936 то соли 1937 инструктори КМ ПК (б) Тоҷикистон.

Дар моҳи ноябри соли 1937 бо қарори КИ ВКП (б) Тоҷикистон Ғафуров Б. мудири шӯъбаи матбуаот ва интишороти КМ таъйин мешавад.

Рафиқ Ғафуров Б. корманди ҷавон, буда, дар шӯъбаи матбуот аз ӯҳдаи кор  мебарояд.

(Фонди бойгонии ҷумҳуриявии Б. Ғ. Ғафуров) 

Миннатдории Шароф Рашидов ба Бобоҷон Ғафуров 

 Баъди заминҷунбии Тошканд, соли 1966 тамоми республикаҳои Итифоқи Советӣ барои аз нав бунёд кардани Тошканд сафарбар мешаванд. Соли 1970-ум бинокорони украину белорусу рус ба ҷои хонаҳои сохташударо ба осебдидагон супоридан, онро худашон соҳибӣ мекунанд. Инро дар вақти бозии футбол дар варзишгоҳи «Пахтакор» ба русзабонҳо таъна мекунанд ва як ҷанҷоли калон сар мезанад, ки ҳатто округи ҳарби Туркистонро барои басанда кардани он ба по мехезонад.

Л.И.Брежнев, ки котиби генералии КМ ҲКИШ буд, котиби 1-уми ҳамонвақтаи Ӯзбекистон Шароф Рашидовро ба Москав даъват менамояд. Вақте Рашидов ба қабулгоҳи Брежнев меояд, Б.Ғафуровро, ки доҳӣ андаке пеш котиби 1-уми Ӯзбекистон (шояд Тоҷикистон бошад-ред.) шуданро ба ӯ таклиф кардааст, мебинад.

Баъди баромадани ӯ Шароф Рашидов назди Брежнов даромадааст. Брежнев ба ӯ чунин хитоб кардааст: Шароф, ты такой силач, что с этим мелким хулиганами не можешь исправиться. Один хромой много-много лет безупречна руководил республикой, ты такой здоровий, не хромой,  почему не можешь разобраться с хулиганами, иди разберись и сообщи»

Ш.Рашидов аз назди Брежнев ба назди Бобоҷон Ғафуров омада, як пиёла чой нӯшида, миннатдории худро баён кардааст, лекин устоди мо нафаҳмидааст,барои чи...               С. Хоҷаев                                                          

Дар ҳамин асно занги телефон баланд шуд (аз телефонии муқаррар баландтар). Устод гӯшаки телефонро бардошт ва маълум гашт, ки ёрдамчии А.А.Громико будааст ва мехоҳад Бобоҷон Ғафуровро бо аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС, вазири корҳои хориҷии  пайваст кунад. Овози Громико нағз шунида мешуд. Громико  аз аҳволи саломатии Бобоҷон Ғафуров пурсон шуда, гуфт ки  «бас аст дар Душанбе муолиҷа кардан. Биёед дар касалхонаи Кунсево табобат мекунем». Ман аз ҷоям хеста ба долон баромаданӣ шудам, вале Бобоҷон Ғафуров маро ишораи нишастан кард.

Дар ҳамин шабу рӯз дар Ҳиндустон ноороми ба миён омада буд ва собиқ сарвазири Ҳиндустон Индра Гандӣ ба истеъфо рафта буд. Громико аз хусуси сарвазири нав ва вазирони ҳарбию хориҷии Ҳиндустон, ки акнун таъин шуда буданд, маълумоти муфассал пурсид ва Бобоҷон Ғафуров дар ҷавоб гуфт, ки то соати 8 бегоҳӣ ба дастатон мерасад.  
С. Саидов

Мо онро пай бурдем, ки барои вай тоҷик будан ҳам ифтихору ҳам масъулияти бузурге дошт. Ва ӯро мо чун вориси сазовори бузургони гузаштаи миллате, ки ӯ ба ифтихор тоҷик мегуфт, шинохтем.

Мо ӯро як инсони мушфиқу дилбар дарёфтем. Инсони камсухани пурдон, ғамхори беғараз, раҳбари хирадманд дар дилу дидаи мо ҷой дошт.

Мо танҳо ҳаминро дарк кардему мекунем, ки садсолаҳо мегузаранду боз садсолаҳо ки нав меоянду мераванд, аммо номи ин фариштасифат чун рамзи ифтихори миллӣ дар саҳифаи таърихи мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад монд.

                                               
                                                                          ***
Бобочон Гафуров ва Халилуллох Халили

Даргоҳи эшон ба зиёратгоҳе мемонд, ки ҳар равандаву ояндаи Маскав аз кишварҳои мухталифи олам ҳатман ба дидорашон меомад.

Ман шоҳиди мулоқоти устод Бобоҷон Ғафуров бо Саид Нафисӣ, Фурӯзонфар, Абдулҳай Ҳабибӣ, Иржи Беечка, Ричард Фрай, Монфред Лоренс ва даҳҳо дигарон будам, ки  бо устод бо як самимияти хос ва алоқаи пурмеҳр сурат мегирифт. Шахсиятҳои номдори кишварҳои мухталиф гоҳо ҳангоми аз Москав гузашта ба кишварҳои дигаре рафтан ҳатман соате пайдо намуда, эшонро зиёрат мекарданд. Боре шоҳи Афғонистон барои як ё ду рӯз дар Маскав таваққуф намуда, ҷое  равон буд. Ҳамроҳаш устод Равон Фарҳодӣ, ки вазифаи вазирии умури хориҷаро ба ӯҳда доштанд, андак замоне вақт пайдо  намуда, ба дидани устод омаданад ва ба банда ҳам шарафи мулоқот бо ин дӯсти деринаам насиб гашт. Фарҳодӣ гуфт, ки дар Маскав бошам ё аз Маскав гузарам, то устодро набинам, хобам намебарад. –Устод, -гуфт Фарҳодӣ, -шарафи мо, тоҷикон, дар ин қисмати Урупо мебошад.

Моҳи майи соли 1964 ба Маскав шахсияти номдори Машриқзамин устод Халилулоҳ Халилӣ меҳмони щахсии Л. И. Брежнев шуда, ба Маскав омад. Эшонро Брежнев як сол қабл ҳангоми садри Раиси Шӯрои Олӣ буданаш дар Кобул даъвати расмӣ намудаанд.

Дар Маскав Халилуллоҳ Халилӣ бандаро ба ҳайси тарҷумон интихоб кард. Аз ҳама бештар  муштоқи мулоқот бо Ғафуров буданд. Мулоқот бо эшон дар фазои ниҳоят самимию гуворо сурат гирифт.Ба сӯҳбат бо устод аксари афғоншиносони маъруфи Институт даъват шуда буданд. Чун ҳамаи онҳо забони дариро медонистанд, банда бо завқ дидори ду шахсияти илмию фарҳангии хуросонзаминро тамошо мекардам. Дар сӯҳбат фақат  ду  кас ҳарф мезаданд. Ба истиснои чанд луқмае дигарон ором буданд тамоми вуҷудашон ҳушу гӯш гашта буд. Онҳо гуфтаҳояшонро чанд рӯз баъд дар мулоқоти Хонаи дӯстии халқҳо идома доданд.

Ин ҷо устод Ғафурови одатан хеле камгап булбули гӯё гаштанд. Зиёд ва бо завқ сухан мегуфтанд. Халилӣ, ки табиатан воизу нотиқ буд, мавқеъро ғанимат дониста, тамоми ҳунари зебоибаёниашро ба намоиш гузошт. Устод Ғафуров бештар суханро аз воқеаҳои Ҳироти бостону Ғазнаву Кобул, ба ёд овардани номҳои шахсиятҳои таърихӣ шурӯъ мекарданд. Халилӣ сухани устодро тақвият дода, ба хондани шеъре аз шоири он замон фикрро идома медоданд. Устод Халилӣ агар шеърхонӣ мекарданд, ҳама чиз фаромӯш мешуд, бо завқ, бо овози баланд, бо як ҳиссиёте ин корро анҷом медодад. Устод Ғафуровро ман ҳеч вақт ин қадар рӯҳбаланд, чеҳракушоду хушқариҳа надида будам.

Профессор Саид Нурул Ҳасан

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист…

 Профессор Саид Нурул Ҳасан, арбоби машҳури сиёси ва иҷтимоии Ҳиндустон, собиқ сафири Ҳиндустон дар Иттиҳоди Шӯравӣ.
Профессор Саид Нурул Ҳасан

Бобоҷон Ғафуров он ҳақиқатро амиқ дарк намуд, ки мероси умумии ориён, равобити мустаҳками ҷараёни буддо, таъсири пурзӯри маданияти исломӣ, саҳми забон ва адабиёти форсӣ, муборизаи якҷоя алайҳи империализм, идеалҳои сулҳ ва сотсиализм мардуми кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳам хеле наздик намуд. Ин ҳамраъйӣ решаҳои амиқ касб намудааст, ба манфиати халқҳои Хиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон ва Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат мекунад.

Вилём Помрой, муҳаққиқ  ва    нависандаи мащҳури амрикоӣ

Муддати тӯлонӣ Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ССР-ро марҳум академик Бобоҷон Ғафуров – зодаи Тоҷикистон сарварӣ мекард. Ман ёд дорам, ки ӯ бо хислати бурдборӣ ва нармдилию самимияти худ фарқ мекард. Бобоҷон Ғафуров мутахассиси барҷаста оид ба таърих ва сиёсати кишварҳои Осиё, муборизи роҳи озодӣ, рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Осиёии шӯравӣ буд.

  Зебуннисо Ғафурова
Ё порае аз хотираҳои Зебуннисо Ғафурова дар бораи бародараш—Бобоҷон Ғафуров

 Бобоҷон ҳамаро баробар дӯст медоштанд ва эҳтироми дигарон низ нисбат ба он кас зиёд буд, инсони хеле дилсӯз буданд акоям.

Некии он кас нисбат ба аҳли илму фарҳанги ҷумҳури бисёр расидааст. Пас аз хотимаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо мақсади тарбияи мутахассисони оянда – бастакорону овозхонҳо ва коргардону устодони рақс як гурӯҳ санъткорони умедбахш бояд ба Маскав фиристода мешуданд. Бинобар ин моҳи августи соли 1946 Ханифа Мавлонова, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Анвер Муллоқандов, Мулук Баҳор ба шӯъбаи вокалӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ, Фозил Солеев, Шарифҷон Бобокалонов, Насимҷон Пӯлодов ба шӯъбаи бастакорӣ Ғаффор Валаматзода ва Азиза Азимова ба шӯъбаи балетмейстерии ба номи П.И. Чайковский ва Шамсӣ Қиёмов бв шӯъбаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати ба номи А.В.Луначарский фиристода шуданд. Зимистони ҳамон сол Б.Ғафуров бо дигар вакилони халқ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ меояд. Ӯ фурсат пайдо карда бо онҳо вомехӯрад. Аз зиндагӣ ва таҳсилашон пурсон мешавад ва пай мебарад, ки либоси гарм надоранд, Бинобар ин, ба сардори намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав рӯ оварда мегӯяд: «Либоси инҳо ба боду ҳавои ин ҷо мувофиқ нест. Хоҳишмандам ба ҳар  кадоме палтои гарми зимстона харида,боз ҳазорсӯмӣ пули нақд диҳед».

Саъдуллоҳи Ҳайдар

 Ватандӯстӣ-суннати миллӣ

Яке аз вазифаҳои пайгиронаи академик Бобоҷон Ғафуров, ки аз осори ӯ бармеояд, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ мебошад.  Худи ӯ, ки мардуму меҳани худро дӯст медошт,  ва як умр хидмати софдилонаи онҳоро ба ҷо меовард, ба таърихи бою ғании халқаш рӯй оварда тавассути нигоштаҳояш анъанаҳои қаҳрамонӣ, паҳлавонӣ ва марзу бумпарастии аҷдодонамонро пешорӯи ҳамватанонамон боз намуд. Махсусан  солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ ба ин кор ҷиддаи машғул шуда, мақолаҳои «Муборизаи халқи тоҷик ба муқобили истилогарон ва асоратгарони аҷнабӣ» (бо ҳамроҳии Н. Н. Прохоров), «Анъанаҳои қаҳрамононаи халқи тоҷик» (Тоҷикистони Сурх, 1943, 6 ноябр бо имзои «Ғафбон») ва  асари илмӣ-омавии «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» (бо ҳамқаламии Н. Н. Прохоров, 1944)-ро таълиф ва нашр гардонд. Ҳамаи ин осор саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ буда, бо ҳисси баланди тафохури миллӣ тарҳрезӣ шудааст.

Шариф Ҳамдампур

Ҷаҳл ҳамқадами мардуми ҷоҳил аст. Ҷоҳил дер намопояд.  Таҳаммули таҳлили ҳар андеша, бо назари хештан назар андохтан ба ҳар масъала хоси сарварони бохирад аст. Агар чунин набошад онҳо ҷӯйбореанд, ки маҷрояшро ҳар кӣ  ҳар куҷо хост, мебарад. Вале касе қудрати табдили маҷрои дарё надорад.

Дарё мебояд буд, ки ҷӯйчаҳоро дар худ фурӯ барӣ.

Бобоҷон Ғафуров дарё буд.

…Тасмим гирифтам, ки ғаввоси ин дарё бошам. Ин дарё чунон амиқ, ки метавон танҳо шиновари он буд. Коре, ки итбидо саҳл намуд, миёншикан омад. Ӯро аз ёдҳо. аз бойгонҳо меҷустам.  Ӯро мо муаллифи чанд китоби тиллоӣ билхоса «Тоҷикон» мешиносем. Оё касе медонад, ки ба кадом маҳрумиятҳо, умеду ноумедиҳо, гиру дориҳо навиштани онҳо барояш муяссар гашт? Муборизаи ӯ дар ин роҳ то имрӯз барои мардум саҳнаи тори каст. Сангандозон сӯи ӯ ниёз зиёд буданду ҳастанд. Вале ӯ ҷӯйборе нест, ки банде пеш роҳаш меандохтанду андозанд.

Ӯ дарёест, ки  равон асту равон.

Баҳсҳо, андешаҳо. Дар кӯчаю  бозор, сари минбару саҳифаҳои матбуот.  Ғафуров кист? Ӯ чӣ кард? –«Шахсияти мураккаб»-рӯй турш мекунанда иддае. Пас битгӯед эй сангандозон, магар зиндагӣ содда аст. Агар инсон маҳсули ҷомиа аст ва натавонад берун  аз он бошад, чаро нақши замонаро дар чеҳраи ӯ намеҷӯед. Худи шумо назара ба чеҳраи хештан андозед, ки чӣ амале доред. Агшутшуморанд онҳое, ки  хидмат ба халқро ҳадаф қарор дода бошанд.

Дар ҳама замона мақом минбар буд.  Яке ба хотири хештан талоши ин минбар мекунаду дигаре ба хотири мардум. Бобоҷон Ғафуров низ дар ин маҷро қарор дошт. Замона танг буд. Замона чун қиссаҳои модараш Розия Озод, ки бароияш «шоҳнома»-хонӣ мекард, пур аз ҷанг буд.

Бобоҷон Ғафуров ҷанги хирадро мепазирад.

Мо басе олимони мансабталош дидаем. Вале куҷо дидаед, ки соҳибмансабе талоши илме кунад, ба хотири илм аз мақоми баланд. минбари воло даст кашад?

Бобоҷон Ғафуров 17 январи соли 1953 чунин тасмим мегирад.

   Р. Қудратов

Марди деҳқоне ҳамроҳи писараш – донишҷӯи мактаби олӣ дар боғи ба номи устод Айнӣ сайру гашт мекард, онҳо пас аз зиёрати мақбараи Садриддин Айнӣ аз хиёбони сабзу хуррам, ки бо дарахтони тӯс зебу зиннат ёфтааст, гузашта, ба назди оромгоҳи акаемик Бобоҷон Ғафуров омаданд. Оромгоҳи вай дар назди даромадгоҳи боғ дар тарафи рост воқеъ гардидааст.

-Ассалому аллейкум, -  даст ба сина гузошта, таъзим намуд он мард баробари  ба оромгоҳ наздик шудан.  – Ман ба зиёрати шумо омадам. Бубахшед, ки   дер омадам.

Падару писар муддате дар рӯ ба рӯи муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров орому сокит рост истоданд.

- Падар, оё шумо Бобоҷон Ғафуровро мешинохтед? – пурсид писар хомӯшии ба миёномадаро вайрон карда.

- О, чи одами наҷибе буд ин мард, - гуфт марди деҳқон. – Ман он касро хуб мешинохтам. Баъди ҷанг рӯзе дар саҳро кор мекардам. Дар он солҳои хеле душвор пахта мекоштем, барои ҳосили баланд мубориза мебурдем. Бобоҷон Ғафуров тез-тез ба ноҳияи мо, ба хоҷагии омаду рафт доштанд. Як рӯз ҳангоми кор дар саҳро ба назди мо  омаданд. Деҳқононро аҳволпурсӣ карданд. Баъди салому алайк он касро ба чойнӯшӣ таклиф намудем.  Аз мо дар бораи хоҷагӣ, зиндагиамон, таърихи маҳал ва ҷойҳои атроф пурсон шуданд. Ман як хоҳиши шахсӣ доштам, ки ба он кас арз кардам. Зуд матлабамро фаҳмиданд ва ба ман дасти ёрӣ дароз  намуданд. Сӯҳбати он касро, ғамхориву меҳрубонияшонро то имрӯз фаромӯш накардаам. Ҳар боре ки ба хоҷагии мо меомаданд, албатта моро хабар мегирфтанд. Бо мо барин одамони одӣ равуо мекарданд.  Дӯстии бо мо чандин сол давом кард

Саиданвар  Шоҳмуродов

 Академик Бобоҷон Ғафурович Ғафуров бузургтарин шарқшинос ва созмондиҳандаи муассисоту марокизи шарқшиносии замони шӯравӣ буд, ки аксари онҳо то ҳол побарҷо  буда, новобаста ба дигаргунсозиҳои куллӣ дар ҳаёти мардумони ҷумҳуриятҳои соҳибихтиёри собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имрӯз ҳам мавқеи пешқадами худро аз даст надодаанд ва дар баррасиву таҳқиқи проблемаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодии мамолики Шарқсаҳми арзанда мегиранд.Назариёти илмии Бобоҷон Ғафуров дар соҳаҳои муносиботи байналмилалӣ дар Шарқ, хусусиёти ҳаракатҳои озодихоҳонаи зиддиистеъморӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърих, баррасиҳои масоили таърихи ҷомеаи башарият ва халқҳои ҷудогона дар теъдоди зиёди аз марокизи илмии Иттиҳоди мамолики муштаракулманофеъ рӯи кор аст ва доманаи боз ҳам фарохтареро касб намудааст.Б.Ғафуров бештар аз 400 номгӯи асар ва кутуби илмиву мақолотро дар соҳаҳои гуногуни илми шарқшиносӣ таълиф намудааст.Таъсис ва рушди як силсила муассисоти илмӣ ва марокизи илми шарқшиносӣ дар шаҳрҳои Алма-Ато, Ашқобад, Боку, Душанбе бо иштироки бевоситаи Б.Ғафуров сурат гирифтааст. Б.Ғафуров поягузори или шарқшиносии тоҷик аст. Дар айни ҳол ӯ аз ҷумлаи он олимонест, ки аз марзу буми деҳкадаҳо бархоста, ба поси заҳматҳои зиёд, истеъдоди табиӣ кӯшиши хастагинопазир ба қуллаҳои баландтарини илми шӯравӣ даст ёфта буданд.


 Фарзанди Фарзонаи Миллат

     Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар ва асарҳои минбаъда ба оламиён исбот намудани он нукта буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқииин марзу бум буданд ва ҳастанд.

     Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирфта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣсаркӯб мешуданд,аз ҷониби ҷониби роҳбари мақоми авали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзӯи тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд. Ин асар шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро такмил додав а ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳбахшид.

            Имони комил дорам, ки ақлу заковат, таҷрибаи роҳбарӣ, меҳри беандоза нисбат ба Ватану миллат ва мероси гаронбаҳои илмии Бобоҷон Ғафуров ба ватанпарастони воқеӣ, ба наслҳои имрӯзу фардои мамлакат, ба созандагони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистони азизамон илҳому    нерӯи тоза хоҳад бахшид. Бигзор дӯстону душманони Тоҷикистон донанд, ки миллати тоҷик аз таърих сабақи омӯзанди гирифтааст ва дар оянда фирефтаи ҳеч қувваи бадхоҳе нахоҳад шуд. Дар ин роҳ моро рӯҳи Исмоили Сомонӣ ва даҳҳо бузургмардони миллат – Рӯдакӣ, Ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва амсоли онҳо мададгор хоҳад шуд.
Шариф Тошев

Зиҳӣ кӯҳсори тоҷикон,

Ки ҳар фарзанди ту дунёи умед аст,

Ту фарзандҳои хеш ҳамзодӣ,

Ту бо фарзандҳои хешободӣ.

Ба фарзандат Ғафуров офарин Бодо,

Зи номи некашу аз кори некаш ҷовидон ёдо!

Ки ӯ таърихро аз лавҳи ханҷарҳо,

Зи рӯи санги сангарҳо,

Зи авроқи парешоне,

Ба минбарҳо,

Барои аҳли олам хонд,

Зи худ таърихи озодии мардум монд.
  Аида Гунали

Фарзанди барӯманди халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар радифи маъруфтарин донишмандони ҷаҳонӣ мақоми шоиста дошта, дар таърихи илм ва тамаддуни башарӣ мероси гаронбаҳо боқӣ гузошта аст. Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаю пурсамари илмию тадқиқотиаш беш аз 400 китобу рисола ва мақолоти  пурарзиш таълиф намудааст, ки чанде аз онҳо дар Олмону Россия,  Франсия, Полша, Юнону Япония, Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Покистон, Чин ва мамолики дигар ба табъ расида, мавриди истифода ва таваҷҷӯҳи олимон қарор  гирифтаанд.

Самтҳои умдаи ҳаёту фаъолияти Бобоҷон Ғафуров, ншонрасию натиҷабахшии афкору андешаҳои ӯ таваҷҷӯҳи олмиони кишвар ва бурунмарзиро ба худ ҷалб карда, дар ин робита асару рисолаҳо ва мақолоту очеркҳои муҳимму чашмрас нигошта шудаанд. Ғафуровшиносҳо дар навиштаҳои худ паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти илмию эҷодӣ ва натиҷаи умдатарин тадқиқотҳои Бобоҷон Ғафуровро ба  риштаи таҳрир дароварда, саҳми ӯро ҳамчун олими бозаковат, муаррихи нуктасанҷ, ховаршиноси варзида дар рушду такомули илм ва фарҳанги халқи тоҷик нишон додаанд. Дар васфи Бобоҷон Ғафуров  адибон асарҳои илмию насрӣ офаридаанд. Осори илмию тадқиқотии ӯ дар библиографияи тоҷик низ инъикос ёфтааст.

Бо вуҷуди ҳамаи ин то кунан на ҳамаи паҳлӯҳои фаъолияти илмию эҷодии Бобоҷон Ғафуров мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Масалан, саҳми Бобоҷон Ғафуров дар Рушду такомули фарҳанг ва санъати тоҷик, таъсиси муассисаҳои фарҳангӣ, фаъолияти ӯ ҳамчун маъхазшинос ва библограф ба таври мукаммалу амиқ омӯхта нашудааст.

Бояд тазаккур дод, ки  саҳми Бобоҷон Ғафуров дар ҷамъоварӣ ва радабандии сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ ниҳоят бузург аст. Барои эҷоди шоҳасари безаволи худ «Тоҷикон» ӯ аз захираи басо ғании китобхонаҳои бонуфузтарини мамолики хориҷ осорхонаҳову бойгониҳои машҳури ҷаҳон: Москва, Санкт-Петербург, Париж, Деҳлӣ, Теҳрон, Карочӣ ва ғайраҳо истифода карда осори зиёди чопию қаламиро доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мавриди омӯзишу тадқиқ қарор додаст. Бобоҷон Ғафуров бештар ба тадқиқоту нашрияҳои таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, забоншиносӣ, катибашиносӣ, номашиносӣ, адабиётшиносӣ, ки теъдодашон наздик ба ду ҳазор мерасанд, такя намуда, мулоҳизакорона ва дақиқназарона бо далелҳои муътамади илмию мантиқӣ ба мураккабтарин ва умдатарин воқеъоти таърихӣ равшанӣ андохтааст. «Тоҷикон» ҳамчун манбаи муҳимми таърихнигорӣ ва сарчашмашиносӣ дар ҳаллу фасли муаммоҳои баҳсноки соҳаҳои мухталифи илми таърих мусоидат мекунад.

Абдуманнон Ҳусейнзодаи Истаравшанӣ

Фидоӣ

Банда, мутаассифона, ба дидани рӯи мубораки марди абарқудрати тоҷик, муаррихи оламшумул, Бобоҷон Ғафуров мушарраф нагардидаам. Симои барҷастаи эшонро аз рӯи асарҳои барҷастаи бегазандашон дарёфтам.  Симои нуронние, ки  дар китобхонаҳои мухталифи дунё нишаста, дастнависҳои қадимаро варақ зада, Гарди коғазҳои кӯҳнаро шамида, барои навиштани таърихи халқи бузургвори тоҷикаш расонда ва санадҳои ҷолиби диққат гирд овардаасту, онро ба риштаи афкори бикрзоди хеш ҳамчун луълуву марҷон даркашидааст. Ӯ барои иҷрои ин кори пуршараф муруи айёми гузашта моҳҳову солиёни дарозро таҳти истифодаи хеш қарор дода, риштаи умри азизи хеш танида аст.  Аз мутолааи шоҳасарҳои ӯ чунин бармеояд, ки  муаррихи варзида факту рақам ва санаду расанаҳои барҷаставу шикастанопазири ҳамчун дурри носуфтаро бо ҳам чида, суфта гардонидааст, ки онҳо мояи асосии асарҳои безаволи ӯ гардидаанд. Ин гуна асарҳои пурмӯҳтавои муаррихи асил пояҳои мустаҳками тахти салтанати тоҷиконро боз ҳам баландтар намуд ва ҳашамати онро даҳчанд афзуд.

Банда ҳар боре ки китоби муқаддаси «Тоҷикон»-ро мутолаа  мекунам, ба бузургии ин муаррихи мӯшикоф қоил мешавам ва ба ӯ аҳсант мехонам.  Ба рӯҳонияти безаволи ӯ сари таъзим фурӯд оварда, дурудит бепоёне мефиристам ва беихтиёр зери лаб мегӯям: «Қабрат пурнур боду равонат шод, ай марди абарқудрат».

И. Қаландаров

Фарзанди баномуси миллат

Дар бораи фаъолияти ҳизбӣ ва илмии Бобоҷон Ғафуров – фарзанди бовафо ва баномуси ахалқи тоҷик, ходими барҷастаи ҳизбӣ, олими шинохтаи ҷаҳонӣ, академик, Қаҳрамони Тоҷикистон дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо садҳо мақолаю очеркҳо ва ёддоштҳо чоп шуда, даҳҳо рисолаҳои илмӣ пешкаш карда шудааст. Банда низ дар  маҷаллаи «Сотсиализм: назария ва амалия» (№1, 1998)  мақолае бо номи «Ходими партиявӣ ва олими шинохта» чоп намудаам.

Қайд кардан бамварид аст, ки то имрӯз ҳанӯз ҳам бисёр ҷиҳатҳои фаъолияти Бобоҷон Ғафуров омӯхта нашудаанд.

Аввалин бор ба ман муяссар гардид, ки  12 июни соли 1949 дар фурӯдгоҳи ҳавоии ноҳияи Қалъаи Лаби об (ҳоло Тоҷикобод), ду рӯз пас аз зилзилаи даҳшатовари Ҳоит, ки 10 июн ба вуқӯъ омада. ҳазороҳо одамон қурбонгардида буданд, дар гирдиҳамоии меҳнаикашони ноҳияҳои Ғарм, Қалъаи Лаби об, Ҷиргатол ва Ҳоит иштирок намоям. Дар ин гирдиҳамоӣ  Бобоҷон Ғафуров – котиби авали ҳзби коммуисти Тоҷикистон ва Ҷаббор  Расулов – Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар натиҷаи зилзила тамоми қишлоқҷойҳои ноҳияи Ҳоит, як қисми ноҳияҳои Қалъаи Лаби об, Ҷиргатол дар зери хок монда, қисми дигарашон пурра вайрон шуда буданд.  Аҳолии бехонаву ҷой ва дигар воситаҳоизиндагӣ монда, ба воҳима афтида, дар  ҷои бехатар, дар фурӯдгоҳи ҳавоии ноҳияи Қалъат Лаби об ҷамъ омада буданад.

Пас аз он ки Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ба воситаи ҳавопаймо Ҳоитро аз назар гузарониданд, дар гирдиҳамоӣ иштирок намуда, Бобоҷон Ғафуров нутқи пурмазмуну бардавом намуд. Ин бароимади ӯ абадӣ дар хотирам нақш бастааст.  Нағз дар ёд дорам, ки Бобоҷон Ғафуров бо боварии комил қайд намуд: Ҳамватанони азизу гиромӣ! Ин воқеаи бодаҳшати табиат, ки ҳазорон одамонро қурбон кардааст, солҳои дароз дар хотири халқи тоҷик мемонад. 800 сол пеш чунин зилзила дар Ҳоит ба вуҷуд омада буд. Комитети марказии ҳизби коммунист ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи чораҳои зарурио меанадешанд, ки то саршавии зимистон шумо соҳиби хонаю ҷой шавед. Ҳоло ба қишлоқҷойҳои худ баргашта, онҳоро обод кунед. Бо боварии косил метавон гуфт, ки Ҳоит дар солҳои наздик аз нав бунёд мешавад».
Бобоҷон Ғафуров, Никита Хрушов, Саидхуҷа Урунхуҷаев

М. Рашидова

Маҳбубияти Бобоҷон Ғафуров дар сарзамини Ҳинд

Академик Бобоҷон Ғафуров чандин маротиба ба ҳайси роҳбари вакилони донишмандони шӯравӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаҳою кунгураҳои байналмилалӣ ба Ҳиндустон сафар намудааст. Чунончи, моҳи январи соли 1964 дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ кунгураи 26-уми байналмилалии  ховаршиносон барпо гардид, ки  Бобоҷон Ғафуров бо ду маърӯза – яке бо унвони «равобити таърихии Осиёи Миёна бо мамлакати Шарқи Араб» ва «Хусусиятҳои инқилоби маданӣ дар Осиёи Миёна»  нутқ эрод намуд. Феврали соли 1960 дар кунгураи байналмилалии роҷеъ ба «Осиёи Марказӣ: ҳаркати халқҳо ва ғояҳо аз аҳди қадим то рӯзҳои мо» ба ҳайси сарвари ховаршиносони шӯравӣ ҳузур дошт. Худи ҳамон сол Бобоҷон Ғафуров дар ҷашни яке аз адибони бузург, мутафаккири фрсизбони Ҳиндустон  Мирзо Асадуло Ғолиб ширкат намуд. Моҳи Марти соли 1972 дар шаҳри Деҳлӣ таҳти унвони «Империализм, истиқлолият ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрӯз» ҷаласаи байналмилалӣ барпо шуд, ки дар он беш аз 90 маърӯзаи пурмазмун баррасӣ гардид. Маърӯзаи асосие, ки  аз ҷониби ҳайати бонуфузи вакилони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод гардид, роҷеъ ба масъалаи табиати  иҷтимоию иқтисодии неоколониализм буда, ба қалами Бобоҷон Ғафуров ва В. Ф. Ли мансуб буд.

Дар соли 1974  700-солагии яке аз нобиғаҳои бузурги адабиёти классики форсу тоҷик, аллома Амир Хусрави Деҳлавӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ки  академик Бобоҷон Ғафуров дар ин ҷашни пуршукӯҳ ҳузур дошт.

Мардуми ҳинд бо осори Бобоҷон Ғафуров  ҳанӯз пеш аз сафарҳояш ба ин кишвар ошно буданд.

Ба ақидаи Шон Шаши Бушан Бобоҷон Ғафуров на танҳо шарқшиноси маъруф, балки дӯсти самимӣ ва меҳрубони халқҳои Осиё ва Африқо ба шумор рафта, фарҳанги халқҳои Шарқро ҳаматарафа ва бо дилбастагии комил мутолаи ва тарғиб менамуд. Ҳамчунин дӯстии  ӯ бо Саид Нурул Ҳасан намунаи барҷастаи ибрат аст.

Ҳамчунин роҷеъ ба маъруфияти Бобоҷон Ғафуров дар давлати Ҳиндустон сафири фавқулода ва мухтори онвақтаи Ҳиндустон дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷаноби И. К. Гучрал дар рӯзи вафоти устод чунин гуфтааст: «Дӯсти бузурги Ҳиндустон, инсони бузург, донишманди бузург. Бо тамоми чунин сифатҳояш ва хислатҳояш Бобоҷон Ғафуров дар қалби ҳиндуён боқӣ хоҳад монд.  Бобоҷон Ғафуров дар Ҳиндустон машҳур аст. Ӯ ҳаёти моро аниқ медонист ва ба хубӣ огоҳу воқиф  буд. Бисёр мардуми Ҳиндустон аз марги нобаҳангоми ин инсони  наҷиб чун аз дӯсти наздики худ маҳрум шуда, сахт андӯҳгин шудаанд…


Индира Ганди ва Бобочон Гафуров

Шахси ҳамаҷониба бомаърифат, бағоят маданӣ, равшанфикри комил ва инсони ниҳоят самимӣ – чуни як таассурот ва мулоқотҳоям бо Бобоҷон Ғафуров дар қалби ман абадӣ нақш бастаанд».

Дар воқеъ, Бобоҷон Ғафуров дар сарзамини афсонаосои Ҳинд маҳбубияти беандоза дошт. Ин буд, ки пас аз маргаш ӯро дар ин кишвар ба некӣ ёд намудаанд, яъне соли 1990 дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ ва шаҳри Олагарҳи ин давлат 80-солагии устоди бузург, академик Бобоҷон Ғафуров бо  шукӯҳ таҷлил карда шуд.

Академик Бобоҷон Ғафуров тавонистааст  дар тӯли бист соли сарварии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буданаш дар омӯзиши таъриху тамаддуни Шарқ ва таҳлили амиқтару ҳамаҷонибаи табиату хусусиятҳои халқҳои Осиё, бахусус Ҳиндустон мақоми арзанда ва сазовор гузорад.

Саъдулоҳи Ҳайдар

Ватандӯстӣ – санъати миллӣ

Яке аз ҳадафҳои пайгиронаи академик Бобоҷон Ғафуров, ки аз осори ӯ бармеояд, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ мебошад. Худи ӯ, ки мардуму меҳани худро дӯст медошт ва як умр хизмати софдилонаи онҳоро ба ҷо меовард, ба таърихи бою ғании халқаш рӯй оварда, тавассути нигоштаҳояш анъанаҳои қаҳрамонӣ, паҳлавонӣ ва марзу бумпарастии аҷдодонамонро пешорӯи ҳамзамононамон боз намуд.  Махсусан солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ ба ин кор ҷиддан машғул шуда, мақолаҳои «Муборизаи халқи тоҷик ба муқобили  истилогарон ва асоратгарони аҷнабӣ (бо ҳамроҳии Н. Н. Прхоров), «Анъанаҳои қаҳрамононаи халқи тоҷик» ва осори илмӣ-оммавии»Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» (бо ҳамқаламии Н. Н. Прхоров) таълиф ва нашр гардонд. Ҳамаи ин осор саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ буда бо ҳисси баланди тафохури миллӣ тарҳрезӣ шудаанд.

Усмонҷон Ғаффоров

Алломаи замон

…Соли 1974 ба ӯ(яъне Бобоҷон Ғафуров) имкон даст медиҳад, ки  барои зиёрати хонаи Худо ба Макаю Мадина ба ҳаҷ равад. То академик Бобоҷон Ғафуров ҳеч як намояндаи мусулмонони шӯравӣ ва ҳеч як донишманд ва замоне котиби ҳизби ҷумҳурӣ ба ин сафари ҳаҷ нарафта буд. Бобоҷон Ғафуров  соли 1974  сафари муборакро дар Арабистони Саудӣ аз шаҳри Ҷидда оғоз мекунад. Подшоҳи он файсал ибни Абдулазиз ас-Суудшоҳ эшонро қабул мекунад. Яке аз аввалин суоли шоҳ ин буд, ки «Оё Шумо Каъбаро тавоф карданиед? Оё коммунистон ба ин эътиқодманданд?» ва дигар чизҳоро пурсид.

Бобоҷон Ғафуров, ки аз ҳамаи сураҳои Қуръон ва ҳадисҳо бохабар буд, бадоҳатан ҷавоб дод:

-Каъбаро тавоф кардан, пеш аз ҳама, шарт аст, ҳазрат. Ҳар як фарде, ки худро мусулмон мешуморад, бояд аз ҳақиқати ислом бохабар бошад. Мо, ки алҳамдулилоҳ мусулмон ҳастем, бояд вазифаи мусулмониро аз худ кунем ва аз рӯи нишондоди он амал намоем. Гуфтаҳои Ҳақ таолоро ба ҷо биёрем, ба ҷаноби пайғамбар (с) имон оварем, суннатҳои он касро мукаммал адо кунем ва аз ҳақиқати Қуръони карим бохабар  бошем, ки ин китоби муқаддас инсонҳоро ба роҳи нек ҳидоят мекунад, аҳли имонро ба ростқавлӣ, ҳалолкорӣ, меҳру муҳаббат, эҳтироми падару модар ва ба меҳнати ҳалол даъват мекунад, ҳамаи бандагонро аз ҳаромхӯрӣ, мардумфиребӣ, дуздӣ, дурӯғгӯӣ, тӯҳмату бӯҳтон, хиёнат мардумозорӣ ва дигар ахлоқи бад бозмедорад.

Дар ни сӯҳбат ба шоҳ Файсал Бобоҷон Ғафуров ояте аз сураи Қуръон оварда, боз илова мекунад, ки ҳеч як пирӯзӣ бе дӯстию рафоқат даст надодааст. Дар ин ҷо ҳадиси ҷаноби пайғамбар (с)-ро овада гуфтааст:»Мӯъминон дар дӯстӣ ва раҳму шафқат монанди як ҷисманд, узве агар ба дард ояд ҳамаи узвҳои дигар низ дард мекашад». Мо бояд  мамлакатҳои ба ҳам тифоқ бошем, сулҳу салоҳро сиёсати хирадмандонаим худ донем. Ҳар як инсони хирадманд барои бунёди бинои дӯстӣ, барио манфиати сулҳу салоҳ бояд кори аз дасташ меомадагӣ ва аз ӯҳдааш мебаромадагиашро иҷро кунад. Каъба хонаи Худо муқаддастарин ҷои мусулмонони олам аст, ман, ки фарзанди мусулмон ҳастам, тавофи Каъбаро ҳанӯз аз  овони ҷавонӣ сидқан ва самимона мехостам. Вале нуқси поям имконият намедод, ки  ин рукни муқаддасотро иҷро намоям. Ҳоло ҳам дар андешаам, ки  бо ин пои ланг дар ин сину сол ин қадар масофаро чӣ тавр ҳаҷ мекунам?

Аз ин сӯҳбат, аз ин ҷавобҳои пурмаъно ва хирадмандонаи Бобоҷон Ғафуров шоҳ Файсал ба ваҷд омада, як луқмае мепартояд:

-Во аҷабо, агар коммунистон ин хел муътақиди дини ислом бошанд, сад офарин!

Баъди сӯҳбат шоҳ Файсал ба Бобоҷон Ғафуров рӯ оварда мегӯяд, ки барои шумо боз аробаи дучарха пайдо мекунем ва ба аробача мешинед ва ҳаҷро адо мекунед.

Рӯзи дигар зиёрати хонаи Каъбаро адо карданд.

Мутеулло Наҷмиддинов

Суди ҷаҳон дар сӯҳбати доно шинос

…Ман фикр мекунам, ки Бобоҷон Ғафуров валии замони худ, ин ҳоҷӣ-акадимик бо илму ҳикматаш на танҳо ба халқи хеш ва дигар халқҳои шӯравӣ, балки бо замимаи ақлу заковат ва саъю кӯшиши устуворонааш дар беруни марзамон низ хизмат карда мардуми заҳматкашро аз балоҳо ва лангаҳои хонумонсӯз наҷот дода буд. Аз зинда кардани ин чанд лавҳаи хотирот илоҳо рӯҳаш шод ва ба сулҳу салоҳи миллаташ низ мададгор шавад.

Ба қавле, халқе ки  монанди «Шоҳнома» достонҳо ва мисли «Тоҷикон» таърихи аз пора-пора сангҳои сари марқадҳо ва ҳафриёти суратҳои зери  хоки деворҳои ҳазорсолаҳо ҷамъоварда дорад, ақл хирадаш ба ҷаҳолаташ комилан зафар ёфта, ба қадри фарҳанги андӯхтаи аҷдодаш мерасад ва чеҳраи Замин – модари хешро аз доғҳои чангу ғуборҳои ҷангу талоши солҳои охир тавзеҳу пок месозад. Иллоҳо!
Б. А. Литвинский

Рӯзноманигори «Газетаи муаллимон» Ш. Ҳамдамов аз академики АИ Тоҷикистон Б. А. Литвинский бо савол «Аз ҷумлаи хислатҳои Бобоҷон Ғафуров кадоме ба Шумо ва ҳамкасбонатон писанд омад?» муроҷиат кард, Б. А. Литвинский бо ду калимаи кӯтоҳ ҷавоб дод ва сипас маҳз ба беморон бештар мадад доданашро хотиррасон кард ва аз ҷумла гуфт: «Қариб ҳамаи хислатҳои Бобоҷон Ғафуров писанди мост. Ғамхор ва дилсӯз буданд. Боре Бобоҷон Ғафуров аз ман пурсид, ки дар Осиёи Миёна чанд халқиёт зиндагӣ мекунад? Ман гуфтам, ки дар шӯъбаи этнографӣ Людмила Чуряга ҳаст, ӯ аниқ медонад. Бобоҷон Ғафуров ӯро даъват кард. Ман  пай набурдам, вале аз назари Бобоҷон Ғафуров чашмони сурхгаштаи ӯ пинҳон намондааст.

-Ба шумо чӣ шуд? – пурсид аз ӯ.

-Кӯдакам касал. Доруи таъйиншударо аз ягон дорухона пайдо карда натавонистам.

Бобоҷон Ғафуров дорухатро аз дасти ӯ гирифт ва гуфт:

-Кӯшиш мекунам.

Баъд аз ду соат дору  дар рӯи мизи ӯ буд. Ба поси хотираи Бобоҷон Ғафуров Л. Чуряга китоберо бо номи «Зеварҳои тоҷикӣ» навиштааст.

А. Ҳабибзода

Хуб ба хотир надорам, ки соли 1960 буд ё ки 1961, ки мо ҳамроҳи Ҷонфидо, Лола Сулаймонова ва чанд каси дигар ба шаҳри Тошканд ба ҷамъоварии  осори парокандаи шоирони  асри XVIII, XIX ва ибтидои асри  XX  ба он шаҳр сафари илмӣ  доштем. Дар ин шаҳр маҷлиси бузурге ба муносибати 120-солагии ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Русия барпо шуда буд. Бобоҷон Ғафуров дар он иштирок намуда, суханронӣ карданд. Ӯ аз ҷумла шуфт: «Дар давоми таърих ҳар як  миллате намояндаи машҳури худро ба ҷаҳониён додаст. Бародарони ӯзбек Абӯалӣ Синоро ӯзбек ба қалам медиҳанд, вале ман дар бораи ин мавзӯъ чизе намегӯям, бигузор олимони рус ва дигарон дар ин бора сухан кунанд, ки Сино кӣ буд».

Баъди баромади Бобоҷон Ғафуров Завадовский ном олими чехославакӣ, ки дар Институти ховаршиносии АИ Ӯзбекистон кор мекард ва худаш синошинос буд, исбот намуд, ки Абӯалӣ ибни Сино тоҷики асл буда, падараш аз тоҷикони Балх ва модараш аз тоҷикони деҳаи Афшанаи Бухоро будааст. Маҷлиси фикри ин олимро бо кафкӯбиҳо пешвоз гирифт.

Чунонки мебинем, Бобоҷон Ғафуров на танҳо ба воситаи шоҳасарҳояш, балки бо корҳои амалӣ ва ҳаррӯзааш ватандӯст буд. Хоксории ин марди хирадманд то дараҷае буд, ки барои ӯ хонаи алоҳида бо боғу бӯстонаш сохта доданду ӯ ба он хона қадам нагузошт. Ва устод Айниро аз Самарқанд кӯчонда ба Сталинобод овард ва хонаи барои ӯ сохташударо, ки иборат аз 15 ҳуҷра буд, ба устод Айнӣ пешкаш намуд. Устоди бузург баъд аз дида баромадин хона ба Бобоҷон Ғафуров як савол дод: -«Ин хона барои ман?»

-Ҳа, домулло, барои шумо – гуфт Бобоҷон Ғафуров.

-Ташаккур, домулло, агар шумо ин хонаро ба ман дода бошед, ман онро ба Институти забон ва адабиёти тоҷик бахшидам, -гуфт устод Айнӣ.


М. Иброҳимов

Баҳори обрӯи миллат

Исфисор – як деҳаи начандон калони Хуҷанд инсонеро ба олами ҳастӣ дод, ки  номи ӯ имрӯз оламгир аст. Дар Мағрибу Машриқ, дар ҳама манотиқи дунё ӯро ҳамчун мунодии сулҳу осоиш ва дӯстии мардумони мухталиф, миллати гуногуннажод ва ҳаммақсад мешиносанд. Бобоҷон Ғафуров дар ҳама конгрессу анҷуманҳои байнайлмилаӣ болонишин буд ва чун аз минбарҳо ҳарф мегуфт, ҳама ҳушу гӯш медоданд. Дар танаффусҳо ӯро миёнагир мекарданд, суолу ҷавоб мекарданд.

Чанд сол муқаддам завҷаи устод шодравон Капитолина Александровна Ғафурова, ки бо Бобоҷон Ғафуровро аввалин ва охирин муаллими худ медонист ва таҳти васояти он кас рисолаи доктори илми таърихро ҳимоя карда буд. Суратҳои дар конгерссу анҷуманҳо аккосишударо нишон дод. Ба ростӣ, ҳаяҷони гуворое ҳастиамро пахш кард, аз он ки ҳамзабону ҳаммиллату ҳамдиёри ман ин қадар эътибори беандозаро соҳиб аст, ботинам саршори ифтихору фараҳмандии бузурге шуд. Ӯро дар сӯҳбати хоса бо бисёр сарони давлатҳои дунё аксандозӣ кардаанд. Худ аз худ маълум аст, ки муаллифони суратҳо маҳз ба хотири Бобоҷон Ғафуров акс бардоштаанд, зеро дар ҳама мавридҳо Бобоҷон Ғафуров дар меҳвари объектив қарор ёфтааст.

Аз ҳама бештар сурати Бобоҷон Ғафуров дар ҳузури Индира Ганди бароям таассуроти нотакроре боқӣ гузошт. Лабони ҳамеша ба табассум моили Индира Ганди ба хубӣ дарк месохт, ки ӯ қаноатмандона ба ҳар ҳарфи Бобоҷон Ғафуров гӯш медиҳад.

Ҳарччанд сурат бисёр паҳносту қариб ду кунҷи сӯҳбатгоҳро фаро гирифтааст, каси дигаре он ҷо нест, то гӯем, ки тавассути тарҷумон якдигарро мефаҳманд. Ҳатто мутахассиси забони ҳиндӣ Ненел Бобоҷоновна Ғафурова ҳам, ки дар ҳама сафарҳои Ҳиндустон бо падараш буд, иқрор шуд. ки ҳарфе ба  ҳиндӣ аз забони падар нашунидааст, ҳини тарҷумаи сухани мусоҳиб такрор ба такрор тарҷумаи аниқу дақиқашро аз Неля мепурсидааст.

Анна ҳамин хел инсон буд  академик Бобоҷон Ғафуров ва баҳои обрӯи миллатро дорад ӯ.


Pressa. tj















Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Душмани №1 точик - вируси М Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - YouTube Хабиб Саид - SoundCloud Таджикская музыка Таджикистан в картинках